ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад

Апрель 13, 2020 08:03

ДУШАНБЕ, 13.04.2020 /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво абрнок шуда, борон меборад. Шабона дар баландиҳои зиёда аз 3 ҳазор метр боридани барф аз эҳтимол дур нест. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво абрнок шуда, боридани борон ва барф дар назар аст. Дар баъзе ноҳияҳои ғарбии вилоят бориши бошиддат пешбинӣ шудааст.  Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят   шабона 3+8 ва рӯзона 10+15 дараҷа гарм  мешавад. Дар  шарқи вилоят  ҳаво шабона 2-7 дараҷа хунук ва рӯзона 4+9 дараҷа гарм мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд   абрнок шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борон бошиддат борида, раъду барқ ба амал меояд.  Шабона дар баландиҳои зиёда аз 3 ҳазор метр барф меборад.   Шамол  аз самти  ғарб бо суръати 4-9 метр дар як  сония мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 9+14 ва рӯзона 13+18 дараҷа гарм  мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 2+7 ва рӯзона 6+11 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон   ҳаво абрнок шуда, борон меборад. Дар ноҳияҳои алоҳида  борон бошиддат борида, раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати  3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 11+16 ва рӯзона 17+22 дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 8+13 ва рӯзона 12+17 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрнок шуда, борон меборад.  Шабона дар баландиҳои зиёда аз 3 ҳазор метр боридани барф пешбинӣ шудааст. Дар ноҳияҳои алоҳида бориш бошиддат борида, раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония  мевазад.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона 8+13 ва рӯзона 13+18  дараҷа гарм мешавад.  Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 2+7 ва  рӯзона 6+11 дараҷа гарм  мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳаво абрнок шуда, борон меборад. Дар баъзе ҳолатҳо борон бошиддат борида, раъду бар ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8  метр дар як сония   мевазад. Ҳаво шабона 9+11 ва  рӯзона 15+17 дараҷа гарм мешавад.

Апрель 13, 2020 08:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа