ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борони бошиддат меборад

Апрель 14, 2020 08:04

ДУШАНБЕ, 14.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво абрнок шуда, борони бошиддат меборад. Шабона дар баландиҳои зиёда аз 3 ҳазор метр боридани барф аз эҳтимол дур нест. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво абрнок шуда, дар ғарби вилоят борон меборад. Дар ноҳияҳои алоҳида борон бошиддат борида, дар шарқи вилоят эҳтимоли боришоти нисбатан суст дар назар аст.  Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят   шабона 5+10 ва рӯзона 10+15 дараҷа гарм  мешавад. Дар  шарқи вилоят  ҳаво шабона 0-5 дараҷа хунук ва рӯзона 6+11 дараҷа гарм мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд   абрнок шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борон бошиддат меборад. Шабона дар баландиҳои зиёда аз 3 ҳазор метр барф меборад.  Шамол  аз самти  ғарб бо суръати 3-8 метр дар як  сония мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 9+14 ва рӯзона 12+17 дараҷа гарм  мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 1+6 ва рӯзона 6+11 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон   ҳаво абрнок шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борони башиддат меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати  3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 9+14 ва рӯзона 15+20 дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 6+11 ва рӯзона 9+14 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрнок шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борони   пуршиддат меборад.  Шабона дар баландиҳои зиёда аз 3 ҳазор метр боридани барф пешбинӣ шудааст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония  мевазад.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона 8+13 ва рӯзона 12+17  дараҷа гарм мешавад.  Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 1+6 ва  рӯзона 6+11 дараҷа гарм  мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳаво абрнок шуда, борон меборад. Дар баъзе ҳолатҳо боронҳои бошиддат дар назаранд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8  метр дар як сония   мевазад. Ҳаво шабона 9+11 ва  рӯзона 15+17 дараҷа гарм мешавад.

Апрель 14, 2020 08:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд