ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво камабр ва тағйирёбандаи бебориш мешавад

Апрель 20, 2020 08:03

ДУШАНБЕ, 20.04.2020 /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво камабр ва дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбандаи бебориш мешавад.  Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбанда шуда, эҳтимоли бориши нисбатан сусти марҳилавӣ (0-0,5мм) дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят   шабона 2+7 ва рӯзона 15+20 дараҷа гарм  мешавад. Дар  шарқи вилоят  ҳаво шабона 5-10 дараҷа хунук ва рӯзона 4+9 дараҷа гарм мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд   камабр ва  дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбандаи бебориш мешавад.  Шамол  аз самти  шарқ бо суръати 3-8 метр дар як  сония мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 8+13 ва рӯзона 24+29 дараҷа гарм  мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 0+5 ва рӯзона 12+17 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳаво камабр ва дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбанда шуда, эҳтимоли бориши нисбатан суст дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати  2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 11+16 ва рӯзона 24+29 дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 5+10 ва рӯзона 15+20 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво камабр ва дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбандаи бебориш мешавад.  Шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7 метр дар як сония  мевазад.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона 6+11 ва рӯзона 22+27  дараҷа гарм мешавад.  Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 3+8 ва  рӯзона 16+21 дараҷа гарм  мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳаво камабри бебориш мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7  метр дар як сония   мевазад. Ҳаво шабона 7+9 ва  рӯзона 24+26 дараҷа гарм мешавад.

Апрель 20, 2020 08:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон истеҳсоли равғани растанӣ зиёд гардидааст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар арафаи ҷашни Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Рашт чор иншооти нав ба истифода дода шуд
Дар Раёсати минтақавии гумрукӣ дар Бадахшон татбиқи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия баррасӣ шуд
Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ҳамкориро бо 67 муассисаи илмӣ ва таълимии давлатҳои хориҷӣ густариш медиҳад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Барои довталабон ва шахсони масъули рушди захираҳои инсонӣ дар низоми бонкии Тоҷикистон оид ба барномаи JISPA ҳамоиш доир шуд
Дар «Тоҷикаэронавигатсия» татбиқи Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Форуми ҳайати фармондеҳони Маркази омӯзишҳои таҳқиқотии Шарқи Наздик ва Осиёи Ҷанубӣ иштирок намуд
Маҳсулоти пешрафтаи рақамӣ (digital)-ро кӣ ва чӣ гуна таҳия менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад