Олимони Қазоқистон барои муайян кардани COVID-2019 тестҳо таҳия кардаанд

Апрель 7, 2020 10:07

ДУШАНБЕ, 07.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Олимони Қазоқистон барои ошкор намудани коронавируси COVID-2019 тетсҳо таҳия кардаанд. Бино ба иттилои АМИТ “Ховар”, дар ин бора хабаргузории “Казинформ” бо истинод ба Маркази миллии илмии сироятҳои махсусан хатарноки Қазоқистон иттилоъ додааст.           

«Тест -системаҳои санҷишӣ барои бақайдгирӣ равона шудаанд, мо мехоҳем дар оянда онҳоро ба истифода диҳем. Мо тестҳои Россия, Аврупо ва Чинро дорем. Тестҳои мо дар ҳассосият ба онҳо баробаранд. Пас аз гирифтани мавод мо дар муддати 5-6 соат хулосаи худро хоҳем дод, ки натиҷаи он  мусбат ё манфӣ аст «- гуфт директори маркази мазкур Токтасин Ерубаев.

Ба гуфтаи вай, аз рӯи ин тестҳо олимони биотехнологи ду вазорат — маориф ва илму тандурустӣ кор карданд. Тестҳо барои муайян кардани коронавирус пас аз ду моҳ ба озмоишгоҳҳои ташхисӣ равон карда мешаванд.

Акс аз КАЗИНФОРМ

Апрель 7, 2020 10:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Се олим бо ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисод дар соли 2025 сарфароз гардонида шуданд
Дар шаҳри Толятии Федератсияи Русия ошхонаи миллии тоҷикӣ ифтитоҳ гардид
Раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2026 ба Туркманистон гузашт
Имрӯз дар Минск ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад
Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид
Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид
Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд
Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд
Дар Покистон бар асари боронҳои шадид ва обхезӣ 307 нафар ҳалок ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд
Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд
Бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ҳамасола сабаби 1,8 миллион марги пешгиришаванда мегарданд