Пахтакорони Суғд азм доранд дар беш аз 60 ҳазор гектар кишти чигит гузаронанд
ДУШАНБЕ, 02.04.2020. /АМИТ «Ховар»/. Имсол пахтакорони вилояти Суғд азм доранд дар майдони беш аз 60 ҳазор гектар кишти чигит гузаронанд.
Дар вилоят корҳои кишти пахта рӯз аз рӯз вусъат гирифта, дар майдонҳои 7 ноҳияи пахтакор, чун Ашт, Б.Ғафуров, Ҷ.Расулов, Конибодом, Мастчоҳ, Спитамен ва Зафаробод беш аз 15 навъи тухмиҳои пунбадона кишт мешаванд. Инҳо асосан тухмиҳои маҳаллӣ — «Хуҷанд-67», «Ориёӣ» ва «Ирам-1», ҳамчунин тухмиҳои навъи воридотии хориҷӣ, аз қабили чинии «Синтзян» ва «Тиннян», туркии «Флеш» ва «Глория» мебошанд. Дар ин бора аз Сарраёсати идораи кишоварзии вилояти Суғд ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.
Зикр гардид, ки то 31 март дар миқёси вилоят дар масоҳати 345 гектар, аз ҷумла дар ноҳияи Конибодом 204 га, Бобоҷон Ғафуров 56 га ва Ашт 55 га чигит кошта шудааст. Пахтакорони вилоят азм доранд бо истифода аз ҳавои мусоиди баҳорӣ ҳарчӣ зудтар маъракаи кишти пунбадонаро ба анҷом расонанд.
Бояд гуфт, ки соли гузашта пахтакорони вилоят дар майдони 57 ҳазор гектар кишти чигит гузаронида, ба ҷойи 129 050 тонна дар маҷмӯъ 140 283 тонна «тиллои сафед» ҷамъоварӣ намуданд.








Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд
Байни Тоҷикистон ва Лаос масоили таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қирғизистон дар самтҳои тиҷорат, нақлиёт, сармоягузорӣ ва логистика густариш меёбад
Таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо ширкати «Smart Villages» -и Миср дар соҳаи инноватсия баррасӣ гардид
Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди СПЕКА иштирок намуд
Файзиддин Қаҳҳорзода бо намояндагони Институти ҷаҳонии рушди сабз ва Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ вохӯрӣ намуд






