Пандемияро боздоред: саломатӣ ва бехатарӣ дар ҷойи кор метавонад ҳаётро наҷот диҳад — шиори Рўзи умумиҷаҳонии ҳифзи меҳнат дар Тоҷикистон

Апрель 28, 2020 11:04

ДУШАНБЕ, 28.04.2020/АМИТ «Ховар»/. Имсол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи  умумиҷаҳонии ҳифзи меҳнат  ба мавзӯи «Пандемияро боздоред:  саломатӣ ва бехатарӣ дар ҷои кор метавонад ҳаётро наҷот диҳад»  бахшида шудааст. Зеро арзиши саломатӣ ва ҳаёти корманд аз арзиши ҳама гуна фаъолияти меҳнатӣ боло мебошад.

Дар ин бора аз маркази матбуоти Вазорати меҳнат,  муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.

Рӯзи умумиҷаҳонии бехатарии меҳнат ба мубориза бо пайдоиши бемориҳои сироятӣ дар ҷои кор бо диққати махсус ба  пандемияи COVID-19 равона карда мешавад. Вазорату идораҳо имрӯз  ва ин солро  бояд барои баланд бардоштани огоҳӣ дар бораи қабули амалияи бехатар ҷиҳати пешгирии  бемориҳои сироятӣ дар ҷойҳои корӣ бо диққати махсус ба пандемияи кунунӣ — COVID-19  истифода баранд. Бинобар ин, мо бояд, пеш аз ҳама, дар фикри саломатии  кормандон ва аҳли хонадони онҳо бошем.

Масъалаҳои бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат яке аз афзалиятҳои асосии сиёсати иҷтимоии давлат ба шумор мераванд. Дар иртибот ба ин Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини ҳуқуқҳои иҷтимоию меҳнатии кормандон, ҳифзи саломатӣ ва таъмини бехатарии шароити меҳнат, инчунин ҷалб намудани диққати корфармоён оид ба ташкили корҳои бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат дар корхонаҳо диққати хосса зоҳир менамояд. Зеро ҳукуматҳо, корфармоён, коргарон ва тамоми ҷомеаҳо дар саросари ҷаҳон дар мубориза алайҳи пандемияи COVID-19  ба мушкилот дучор гашта истодаанд.

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба корфармоёну соҳибкорон бори дигар риояи тавсияҳои зеринро дар шароити кунунӣ пешниҳод менамояд:

— кормандонро бо антисептикҳои пӯст (масалан, насби диспансерҳо) ва дастпоккунҳо (салфеткаҳо), даҳонбандҳои безараргардонӣ таъмин намоянд ва инчунин истифодаи онҳоро аз ҷониби кормандон дар даромадгоҳи бино назорат кунанд.

— захираи муваққатии маблағҳо ва дигар воситаҳои ҳимоя бояд барои на камтар аз 5-6 рӯз бошад.

— дар ҳолатҳои фавқулода ва эҳтимоли пайдо шудани беморӣ дар корхона ҳарорати бадани коргаронро дар аввали рӯзи корӣ ва инчунин дар тамоми рӯз назорат кунанд.

— кормандонеро, ки ҳарорати баланд доранд, аз ҷои кор дур кунанд.

— ҷойи кори кормандро бо маҳлулҳои безараргардонии вирусӣ тоза намоянд (диққати махсусро ба безараргардонии қитъаҳои умумӣ ва ҳама қисмҳои робитадошта бояд равон кард).

— аз гузаронидани чорабиниҳои калони оммавӣ, ки тамоми кормандонро дар ягон нуқтаи муайян ҷамъ мекунанд, худдорӣ бояд кард.

— муваққатан қатъ намудани сафарҳои хизматии кормандон, алахусус ба кишварҳои хориҷӣ.

— агар дар дохили ширкат, корхона ё муассиса ошхона мавҷуд  бошад, асбоби таъйиноти маишӣ ва хоҷагии (зарфҳо ва косаю табақ) истифодаашон яккаратаро  истифода намоянд ва пас аз он партофта, безарар гардонида шаванд ва бо тартиби муқаррарӣ нест карда шаванд.  Агар ширкат зарфҳои муқаррариро истифода барад, онҳо бояд дуруст коркард карда шаванд (беҳтараш онҳоро дар мошинаҳои шустушӯӣ зарфҳо дар реҷае, ки безараргардонии зарфҳоро таъмин мекунад, дар ҳарорати на камтар аз 65 дараҷа давоми 90 дақиқа бишӯянд).

— аз корфармоён талаб карда мешавад, ки ҳамарӯза ошхонаро бо маҳлулҳои безараргардонӣ тоза кунанд.

— роҳбарони ташкилот вазифадоранд, ки шароити бехатар ва ҳифзи меҳнатро таъмин кунанд, инчунин кормандонро аз риояи чораҳои бехатарӣ огоҳ намоянд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзи оғози узвияти худ дар Созмони байналмилалии меҳнат 46 конвенсияи СБМ-ро ратфикатсия намуд, ки аз онҳо 28 Конвенсия дорои талаботи ҳифзи меҳнат мебошанд. Зеро Созмони байналмилалии меҳнат ба қонунгузории ҳамаи кишварҳо таъсири муассир дорад. Аз соли 1919 то инҷониб беш аз 170 конвенсияҳо қабул шудаанд, ки он давлатҳо, корфармоёнро барои фароҳам овардани шароити корӣ, ҳифзи ҳуқуқи меҳнатӣ, ҳуқуқҳои иҷтимоии категорияҳои гуногуни коргарон уҳдадор намуда, барои таъмини  ҳифзи ҳаёт   ва саломатии кормандон равона гардидааст.

Акс аз бойгонӣ

Апрель 28, 2020 11:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Барои интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда занону духтарони болаёқат ба забономӯзӣ ҷалб гардидаанд
Дар се моҳи соли 2024 дар ноҳияи Балҷувон 87 нафар ба нафақа баромаданд
«Сомон Эйр» дар масири Хуҷанд-Урумчӣ-Хуҷанд парвозҳои мустақим анҷом медиҳад
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ аз раъду барқ, жола ва шамолҳои бошиддат ҳушдор медиҳад
Муассисаҳои тиббии Тоҷикистон соҳиби дастгоҳҳои муосир гардиданд
Интиқоли ғайриқонунии беш аз 4 тонна гӯшти мурғ пешгирӣ карда шуд
«ДӮСТ ОЯД, ГАРМ ДАР ОҒӮШ ГИР!». Ҷавонони фаъоли Тоҷикистон меҳмони ноҳияи Рӯдакӣ шуданд
Ғолибони даври ҷумҳуриявии озмуни «Сайри гули лола» муайян шуданд
МОҲВОРАИ ҶАВОНОН. Вазъи фаъолияти шуъбаву бахшҳои кор бо ҷавонони муассисаҳои олӣ ва миёнаи касбӣ баррасӣ шуд
Дар шаш минтақаи Тоҷикистон сел ба амал омад
«ОИЛАИ НАМУНАВӢ». Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ин озмуни ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА». Дар Душанбе ҳамоиши ҷоизасупорӣ ба ғолибони даври ҷумҳуриявии озмун доир мешавад