Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода аз шаҳри Турсунзода боздид намуд
ТУРСУНЗОДА, 26.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода 25 апрел ба шаҳри Турсунзода сафари корӣ анҷом дода, бо ҷараёни корҳои кишоварзӣ ва тадбирҳои истифодаи самараноки заминҳо шинос ва бо хоҷагидорону фаъолони шаҳр мулоқот доир намуд.
Сарвазири мамлакатро раиси шаҳри Турсунзода Абдуқодир Вализода ҳамроҳӣ намуда, ҳамзамон бо вазъи соҳаи кишоварзӣ шинос кард.
Зикр гардид, ки дар шаҳри Турсунзода нақшаи кишти баҳорӣ 9128 гектар ва кишти такрорӣ 9375 гектарро ташкил медиҳад. Давоми соли равон дар шаҳри Турсунзода 340 тонна маҳсулоти гуногуни кишоварзӣ истеҳсол ва пешниҳоди бозори истеъмолии мамлакат гардидааст.
Бо мақсади таъмини амнияти озуқаворӣ, иҷрои саривақтии корҳои саҳроӣ ва таъмини нақшаи кишт кишоварзони шаҳр самаранок меҳнат намуда, бо дарназардошти супориши Ҳукумати мамлакат вобаста ба 60 % зиёд намудани кишти такрорӣ дар шаҳр дар 9378 га кишти такрорӣ, аз ҷумла, ғалладонагиҳо 5426 га, зироати техникӣ 20 га, картошка 200 га, сабзавот 2380 га, полезиҳо 217 га ва хӯроки чорво 1135 га ба нақша гирифта шуда, барои иҷро ба хоҷагиҳо вобаста гардидааст.
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода зимни сафар аввал бо фаъолияти хоҷагии тухмипарварии «Дӯстӣ»-и Ҷамоати деҳоти Қаратоғ шинос шуд. Ба Сарвазири мамлакат маълумот манзур гардид, ки хоҷагӣ дар 200 гектар пунбадона кишт намудааст, ки аз ин ҳисоб 20 гектари онро навъҳои таҷрибавӣ дар бар мегиранд. Зимни шиносоӣ бо фаъолияти хоҷагидорон ва заминҳои ёрирасони президентии Ҷамоати деҳоти Сешанбе, Навобод ва Ҷӯра Раҳмонов Сарвазири мамлакат аз заминҳои парвариши пиёз, бодиринг, помидор, қулфинай, картошка дидан намуда, бо ҷараёни корҳо дар амалисозии тадбирҳои агротехникии хомток дар хоҷагии кишоварзии Боғи Сомон шинос шуд.
Дар ин замина ҷиҳати боз ҳам вусъат додани кор дар саҳро ва саҳмгузорӣ дар таъмини амнияти озуқаворӣ ба хоҷагидорон тавсияҳои муфид пешниҳод гардид.
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода зимни суҳбат бо хоҷагидорону фаъолон дар баробари шарҳи корҳои баҳорӣ ба ҳайси сардори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус «Covid-19» вазъияти воқеии ҷомеаи ҷаҳониро мавриди тавзеҳ қарор дод.








Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд
Байни Тоҷикистон ва Лаос масоили таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид






