Шаҳристон: Аз 112 иншооти барои таъмир ва навсозӣ ба нақша гирифташуда, то имрӯз таҷдиди 47 адади он ба анҷом расидааст

Апрель 26, 2020 08:58

ДУШАНБЕ, 26.04.2020. /АМИТ «Ховар»/. Давоми солҳои 2019-2021 ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар ноҳияи Шаҳристон, ки аз ду ҷамоати деҳот – ҷамоати деҳоти Шаҳристон бо теъдоди 26014 нафар ва Ҷамоати деҳоти Бунҷикат бо 17356 нафар аҳолӣ иборат аст, бунёд, таъмир ва навсозии 112 иншооти дорои аҳамияти иҷтимоиву иқтисодӣ ба нақша гирифта шудааст.

Ҳадаф аз бунёди ин теъдод иншоот боз ҳам  обод кардани  деҳаву  маҳалли  аҳолинишини ҷамоатҳои ноҳия, ҳалли масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ бо роҳи беҳтар намудани инфрасохтор, пеш аз ҳама, дар соҳаи тандурустӣ, ба талаботи муосир мутобиқ сохтани сатҳи хизматрасонӣ, инчунин дастрасии саривақтӣ ба хизматрасонии иншооти иҷтимоӣ ба ҳисоб меравад.

Бино ба иттилои хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» дар вилояти Суғд Абдуаҳад Шарифзода бо истинод ба маълумоти масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳристон, то моҳи апрели имсол аз теъдоди умумӣ иншоот ҳоло  47 ададаш бунёд шуда, 4 иншоот аз таъмири асосӣ ва 1 адад аз таъмири ҷорӣ бароварда шуданд.

Аз ҷумла, 3 муассисаи таҳсилоти умумӣ, 1 қасри фарҳанг, 1 беморхона, 1 бунгоҳи тиббӣ, 1 нуқтаи хатна, 1 дорухона, 3 майдончаи варзишӣ, 1 сартарошхона, 2  кошонаи ҳусн, 9 маркази савдо, 5 маркази хизматрасонӣ, инчунин 1 коргоҳи дӯзандагӣ ва 1 коргоҳи қолинбофӣ то имрӯз мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтаанд.

Тибқи нақша, то соли 2021 бунёду навсозии боз 60 иншооти дигари иҷтимоиву иқтисодӣ, чун  сохтмони 6 ҳаммом, 1 пул, 4 сартарошхона, 2 бунгоҳи тиббӣ, 1 дорухона, 2 муассисаи таҳсилоти умумӣ, 1 коргоҳи дӯзандагӣ, 2 майдончаи варзишӣ, 5 маркази савдо, 9 маркази хизматрасонӣ ва ғайра  дар назар дошта шудааст.

Апрель 26, 2020 08:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд