Шуъбаи маорифи ноҳияи Дарвоз яке аз утоқҳои кориро ба китобхона табдил дод
ХОРУҒ, 30.04.2020. /АМИТ «Ховар»/. Шуъбаи маорифи ноҳияи Дарвоз дар яке аз утоқҳои бино китобхона ташкил кард, ки кормандони шуъба метавонанд дар лаҳзаҳои фориғ аз кор ба мутолиаи китоб машғул шаванд. Дар ин ҷо ҳам китобҳои илмию адабӣ ва ҳам соҳавию фаннӣ гирд оварда шудаанд.
Ҳарчанд дар маркази ноҳияҳо ва ҳар як деҳаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон китобхона вуҷуд дорад, аммо ташкили китобхонаҳо дар идораву муассисаҳо аз аҳамияти хос бархурдор аст. Аз як сӯ чунин китобхонаҳо бо дархости худи кормандон бо китобҳо, маҷаллаву рӯзнома ва дастуру санадҳои зарурии соҳаи маориф таъмин карда мешаванд, аз сӯи дигар, кормандон барои дарёфти китобҳои зарурӣ ниёз надоранд, ки ба китобхонаҳои дигар муроҷиат намоянд.
Мудири шуъбаи маорифи ин ноҳия Сунатулло Солеҳзода гуфт, ки Пешвои миллат дар Паёми навбатии худ ба масъалаи китобу китобдорӣ ва мутолиаи китоб таваҷҷуҳи бештар зоҳир намуда, иброз доштанд, ки «китобхонаҳо бояд ба маркази муҳими илму фарҳангӣ табдил дода шаванд, зеро китоб маҳсули ақлу заковати мардуми соҳибтамаддун ва яке аз муҳимтарин воситаҳои маърифатнок кардани аҳли ҷомеа буда, доираи андешаву тафаккур ва ҷаҳонбинии инсонро васеъ ва инсонро ба роҳи дурусти зиндагӣ раҳнамун месозад».
Мудири маорифи ноҳия гуфт, ки як қисми ин китобҳоро Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ ва қисми дигарашро худи кормандони шуъбаи маорифу омӯзгорони ноҳия ба китобхона тақдим кардаанд.
Ҳоло дар ин китобхона қариб 4 ҳазор нусха китоб гирд оварда шудаанд. Ба гуфтаи кормандони шуъбаи маориф, аз тарафи сокинони ноҳия супоридани китобҳо идома дорад.








Дар Душанбе даври ҷумҳуриявии озмуни «Библиомарафон» баргузор гардид
Дар Бохтар даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Ҳунарманди сол» баргузор шуд
Ҳунармандони тоҷик дар Фестивали сеюми ҷаҳонии фарҳангии Карочӣ иштирок намуданд
Китоби «Забони миллат — ҳастии миллат»-и Президенти Тоҷикистон бо нуҳ забони хориҷӣ тарҷума ва нашр карда шуд
Ҳамкории Осорхонаи миллӣ бо муассисаҳои соҳавии Ҷумҳурии Корея густариш меёбад
Дар шаҳри Хуҷанд Фестивали оши палав ҷамъбаст шуд
Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» мактаби дониш, ҷаҳонбинӣ ва худшиносӣ мебошад
Беҳтарин китобҳои тозанашри Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмилалӣ пешниҳод гардид
Дар Қазон масъалаи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Тотористон баррасӣ гардид
Доир ба саҳми таърихии Борбади Марвазӣ конфронси байналмилалӣ баргузор мешавад
«ДОИРАБАЗМ». Дар Душанбе даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии созҳои зарбӣ баргузор мешавад
Нахустнамоиши филми муштараки Тоҷикистону Узбекистон «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» баргузор шуд






