Шуъбаи маорифи ноҳияи Дарвоз яке аз утоқҳои кориро ба китобхона табдил дод

Апрель 30, 2020 10:29

ХОРУҒ, 30.04.2020. /АМИТ «Ховар»/.  Шуъбаи маорифи ноҳияи Дарвоз дар яке аз утоқҳои бино китобхона ташкил кард, ки кормандони шуъба метавонанд дар лаҳзаҳои фориғ аз кор ба мутолиаи китоб машғул шаванд. Дар ин ҷо ҳам китобҳои илмию адабӣ ва ҳам соҳавию фаннӣ гирд оварда шудаанд.

Ҳарчанд дар маркази ноҳияҳо ва ҳар як деҳаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон китобхона вуҷуд дорад, аммо ташкили китобхонаҳо дар идораву муассисаҳо аз аҳамияти хос бархурдор аст. Аз як сӯ  чунин китобхонаҳо бо дархости худи кормандон бо китобҳо, маҷаллаву рӯзнома ва дастуру санадҳои зарурии соҳаи маориф  таъмин карда мешаванд, аз сӯи дигар, кормандон барои дарёфти китобҳои зарурӣ  ниёз надоранд, ки ба китобхонаҳои дигар муроҷиат намоянд.

Мудири шуъбаи маорифи ин ноҳия Сунатулло Солеҳзода гуфт, ки Пешвои миллат дар Паёми навбатии худ ба масъалаи китобу китобдорӣ ва мутолиаи китоб таваҷҷуҳи бештар зоҳир намуда, иброз доштанд, ки «китобхонаҳо бояд ба маркази муҳими илму фарҳангӣ табдил дода шаванд, зеро китоб маҳсули ақлу заковати мардуми соҳибтамаддун ва яке аз муҳимтарин воситаҳои маърифатнок  кардани аҳли ҷомеа буда, доираи андешаву тафаккур ва ҷаҳонбинии инсонро васеъ ва инсонро ба роҳи дурусти зиндагӣ раҳнамун месозад».

Мудири маорифи ноҳия гуфт, ки як қисми ин китобҳоро Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ ва қисми дигарашро худи кормандони шуъбаи маорифу омӯзгорони ноҳия ба китобхона тақдим кардаанд.

Ҳоло дар ин китобхона қариб 4 ҳазор нусха китоб гирд оварда шудаанд. Ба гуфтаи кормандони шуъбаи маориф, аз тарафи сокинони ноҳия супоридани китобҳо идома дорад.

Апрель 30, 2020 10:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе намоиши дастнависҳо, нусхаҳои чопи сангӣ ва хушнависиҳои ашъори Ҳофизи Шерозӣ баргузор шуд
Мехоҳед таътили тобистонаи фарзандатон босамар гузарад? Пас ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон биёяд
Дар шаҳри Норак 2 ёдгории бостонӣ кашф ва таҳқиқ карда шуд
Дар Истаравшан ғолибони даври шаҳрии озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ шуданд
Дар Душанбе дуюмин Синамоҷашнвораи байналмилалӣ «Тоҷи сомон» баргузор мегардад
Дар театри Муҳаммадҷон Қосимов намоишномаи «Ман Таҳминаам…» аз рӯи достони «Шоҳнома» пешниҳод мегардад
Бо ташаббуси Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ дар ноҳияи Ховалинг Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҷашн гирифта шуд
Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло: «Ҳақиқат ин аст, ки Пешвои миллат ваҳдатро бунёд гузошту таҳким доду қавӣ сохт»
Дар Осорхонаи миллӣ гӯшаи доимоамалкунандаи «Ваҳдати миллӣ» ташкил гардидааст
Тамоми комёбиҳои миллат ва саодати рӯзгори мардум аз иттиҳоди миллӣ ибтидо мегирад
«ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – МЕЪМОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТ». Дар Вазорати фарҳанг ҳамоиши илмӣ доир гардид
Таҳти унвони «Қисса ва ҳикояҳо» китоби Абдурофеъ Рабизода нашр гардид