Сокинони деҳаи Вишхарви водии Язгуломи ноҳияи Ванҷ бо оби тоза таъмин гардиданд
ХОРУҒ, 28.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи амалигардонии лоиҳаи «Идоракунии оби бехатари ошомиданӣ ва беҳдошт дар Тоҷикистон» дар Ҷамоати деҳоти Язгуломи ноҳияи Ванҷ иншооти обтаъминкунӣ барои 70 хоҷагии деҳаи Вишхарв бо сарфи 699 ҳазору 394 сомонӣ мавриди истифода қарор дода шуд.
Деҳаи Вишхарви Ҷамоати деҳоти Язгуломи ноҳияи Ванҷ аз охири солҳои 90-уми асри гузашта то инҷониб ба оби нӯшиданӣ дастрасӣ надошт. Ҳафтод хонаводаи ин деҳа маҷбур буданд, ки аз масофаи аз 3 то 4 километр гоҳе пиёда ва гоҳе савора ба манзилашон об кашонанд.
Ин вазъро ба назар гирифта, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар ҳамдастӣ бо шарикони рушд тирамоҳи соли гузашта ба бунёди иншооти обтаъминкунӣ оғоз намуданд. Раёсати Швейтсария оид ба рушд барои сохтмони ин иншоот 2 миллион сомонӣ ҷудо кард.
Котиби Ҷамоати деҳоти Язгуломи ноҳияи Ванҷ Зўхро Шошоева гуфт, ки “бо мақсади дар амал татбиқ намудани супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба таъмини сокинони водии Язгулом бо обу тозаю неруи барқ идораву муассисаҳои сатҳи вилояту ҷумҳурӣ тадбирҳои муассир меандешанд. Дар даҳ соли охир мушкили дастрасии сокинони водӣ баробари ба охир расидани таъмиру таҷдиди неругоҳи барқии Андарбак аз байн бардошта шуд. Давоми ин солҳо боз дар ду деҳаи калон қубурҳои обгузар ва ҳам барои обёрӣ ба истифода дода шуданд”.
Бунёди ҳавзи захираи об ва қубури обгузарро Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Шодмон» бар уҳда дошт. Ба сохтмон сокинони маҳаллӣ ҷалб шуданд. Коргарон дар масофаи 14 километр 418 метр ҷӯйбор канда, кубурҳои обгузари ғунҷоишашон 75 мм насбу васл карданд. Об ба воситаи қубурҳои обгузар ба ду ҳавзи танзими об ва 6 нуқтаи техникии дорои ҳисобкунакҳо ҷорӣ шуда, сипас ба ҳавлии сокинон мерасад.
Дар ифтитоҳи расмии иншооти обтаъминкунӣ намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояту ноҳия ширкат намуданд.








Дар Рашт дар мавзуи «Ваҳдати миллӣ – асоси таҳкими давлатдории тоҷикон» конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Бохтар бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ баргузор гардид
Дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 2-и шаҳри Норак бинои иловагӣ сохта мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Беш аз ду километр роҳи деҳаи Ниликони ноҳияи Рӯдакӣ мумфарш гардид
Дар ҷаласаи 45-уми Шурои идоракунандагони GCF масъалаҳои стратегии марбут ба татбиқи Созишномаи Париж баррасӣ мешаванд
Хизматрасонӣ 24/7: чӣ тавр оператори мобилӣ бо муштариён муошират менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1245 сомонӣ муқаррар шудааст
Иштирокдорони Форуми XI байналмилалии «Кӯдакони Иттиҳод» дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад






