«Спитамен Бонк»: ҳамёни QIWI-ро дар нуқтаҳои хизматрасонии бонк метавонед мушаххас намоед

Апрель 18, 2020 11:00

ДУШАНБЕ, 18.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Шаҳрвандони Тоҷикистон  имкон доранд ҳамёни QIWI-ро дар нуқтаҳои хизматрасонии «Спитамен Бонк» мушаххас (идентификатсия) кунанд.

Дар ин бора аз маркази матбуоти бонки мазкур ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.

Бақайдгирии пурра имкониятҳои пардохтии корбарони QIWI –ро ба таври назаррас васеъ менамояд, маҳдудиятҳо оид ба интиқоли маблағ ва бақияи ҳисоби электронии ҳамёнро зиёд мекунад, инчунин дастрасиро ба пардохт дар сомонаҳои ширкатҳои хориҷӣ, интиқол ба ҳамёнҳо, суратҳисобҳои бонкӣ ва кортҳо ё тавассути интиқоли маблағҳо фароҳам меорад.

Барои гузаштани аз бақайдгирӣ мебояд ба филиалҳои Спитамен Бонк бо шиносномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намуда, аризаи мушаххасозиро имзо кард.

Давоми 3 рӯзи корӣ ба соҳиби ҳамёни QIWI дар барнома огоҳинома меояд, яъне ариза барои мушаххассозӣ, ки дар он бояд рақами шиноснома тасдиқ карда шавад.
Пас аз бақайдгирӣ ҳолати ҳамён бо назардошти тағйироти дар ҷадвали зер овардашуда аз «Камтарин”(“Минимальный”) ба “Касбӣ” («Профессиональный»)  иваз мешавад:

Хизматрасониҳо Минимальный Профессиональный
Бақияи имконпазири тавозун то 15 000   рубл 600 000   рубл
Пардохт ва интиқол то 40 000   рубл дар як моҳ 4 000 000   рубл дар як моҳ
Маблағи иҷозатдодашуда барои як амалиёт то 15 000   рубл 500 000   рубл
Нақдикунонии маблағи QIWI кортҳо имконнопазир 100 000   рубл дар як руз

 

Апрель 18, 2020 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди СПЕКА иштирок намуд
Файзиддин Қаҳҳорзода бо намояндагони Институти ҷаҳонии рушди сабз ва Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ вохӯрӣ намуд
Ҷалби сармоя ба соҳаи фармасевтикаи Тоҷикистон бо иштироки сармоягузорони Чин баррасӣ гардид
Тоҷикистон ва Олмон ҳамкории иқтисодию тиҷоратиро густариш медиҳанд
Хуршед Мирзо дар Форуми дуюми Тян-Шон оид ба дастовард ва иқтидори инноватсионии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намуд
Дар шаҳри Бӯстон хати нави истеҳсолӣ ва зеристгоҳи барқӣ ифтитоҳ гардид
Ҷаласаи шарҳи маҷмуии лоиҳаҳои сармоягузории давлатии аз ҷониби Бонки Осиёии рушд маблағгузоришаванда доир шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1400 то 9.2093 сомонӣ муқаррар шудааст
Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Душанбе самтҳои баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявии кӯдакону ҷавонон баррасӣ гардиданд