Таҷрибаи сокинони шаҳри Хуҷанд дар истифодаи самараноки замини наздиҳавлигӣ ибратбахш аст

Апрель 20, 2020 16:47

ДУШАНБЕ, 20,04,2020. /АМИТ «Ховар»/. Сокини маҳаллаи Сирдарёи шаҳри Хуҷанд Пӯлод Темуров 2 сотих замини наздиҳавлигии худро самаранок истифода намуда, ба ин восита ҳамасола ҳам эҳтиёҷоти хонаводаи худ ва бародарашро, ки дар як ҳавлӣ иқомат доранд, бо сабзавоти тару тоза ва меваҷот таъмин менамояд.

Бино ба иттилои хабарнигори АМИТ «Ховар» дар вилояти Суғд, ӯ дар замини худ беш аз 25 бех дарахтони гуногун, чун биҳӣ, олуча, шафтолу, себ, зардолу, сиёҳолу, анор, чормағз ва ғайра шинонидааст, ки ҳамасола аз он ҳосили дилхоҳ ба даст меорад. Инчунин дар пояи зери дарахтон помидор, бодиринг, қаламфур, сабзӣ, картошка, турб, райҳон, шалғам низ дар муҳлатҳои муайян ва мавсимӣ кишт намуда, аз ин замин дар як сол ду-се ҳосил ба даст меорад.

Мавсуф зикр намуд, ки ӯ аз рӯйи ихтисос барқчӣ буда, шуғли доимӣ дорад, вале дар баробари фориғ аз вақти корӣ  дар замини наздиҳавлигӣ меҳнат намуда, ба ин восита ҳам истироҳат мекунад ва ҳам барои фаровонии хони рӯзгораш ризқу рӯзӣ дармеёбад.

Пӯлод Темуров зикр намуд, ки ҳамасола бо риояи талаботи сифати омодасозӣ аз ҳосили сабзавоти парваришнамудааш беш аз 100 адад зарфҳои шишагӣ консерваҳои меваю сабзавот, мураббо ва хӯришҳо тайёр менамояд, ки он дар фасли зимистон дар рӯзгори ӯ ва бародараш васеъ истифода мешаванд.

Нафари дигаре, ки дар ин самт аллакай таҷрибаи хуби корӣ дарёфтааст, сокини маҳаллаи Чашмаи Арзанаи шаҳр Бахтиёр Бобоҷонов буда, ӯ низ  дар замини наздиҳавлигии худ гармхонаи кӯчаке бо харҷи ночиз бунёд намудааст. Бобоҷон дар гармхона пиёзи сабз, кашнизу шибит, шулхаю синдрей, ҷаъфарӣ, шалғамча ва ғайраҳо кишт намуда, аз онҳо то 3 маротиба ҳосил мегирад. Бо ин маҳсулоти хеш ӯ на фақат оилаи худ, балки эҳтиёҷоти ҳаммаҳаллаҳояшро низ таъмин менамояд.

Бахтиёр Бобоҷонов мегӯяд, он сокинони шаҳр, ки соҳиби қитъаи замини наздиҳавлигӣ мебошанд, тибқи дастури Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сурати самаранок истифода намудани ҳар як ваҷаб замин анвои гуногуни маҳсулоти ғизоии рӯзгорро ба даст оварда, ба ин восита бо меҳнати худ метавонанд дар баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ ва сабади истеъмолиашон саҳм гузоранд.

Бояд гуфт, ки мисли Пӯлод Темуров ва Бахтиёр Бобоҷонов дар шаҳр сокинон зиёданд, ки ҳамасола бо корбарии оқилонаву самаранок ва тарзи хуби истифодаи ҳар қитъа замини наздиҳавлигии худ на танҳо дар фаровонии хони ҳамарӯза, инчунин дар буҷаи оила низ ҳисса мегузоранд. Меҳнати ин нафарон на танҳо шоёни аҳсан, балки намунаи корбарии дурбинона нисбат ба истифодаи замин аст.

Бо ин амали худ сокинони шаҳри Хуҷанд на танҳо дар пешбурди сатҳи рӯзгор ва ғанӣ гардонидани дастурхони хонавода саҳм мегузоранд, балки то андозае бо таъмин гардидани бозори дохилӣ бо маҳсулоти тару тозаи баҳорӣ ва пастшавии нархи он дар бозорҳои маркази вилоят ҳисса мегузоранд.

Апрель 20, 2020 16:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд