Таҳти шиори «Барои зиндагии шоиста» ба 1100 оилаи камбизоати шаҳри Душанбе кумак расонида шуд

Апрель 23, 2020 15:08

ДУШАНБЕ, 23.04.2020. /АМИТ «Ховар»/. Дар арафаи моҳи шарифи  Рамазон ба беш аз 1100  оилаи камбизоат ва маъюб, инчунин омӯзгорону кормандони бахшҳои техникии муассисаҳои таҳсилоти ҳамагонии ноҳияи Шоҳмансур маводи мавриди ниёзи аввал, аз қабили орд, равған, шакар, биринҷ, макарон ва ғайра  кумак расонида шуд.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ин иқдом  тибқи дастуру ҳидоятҳои  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тадбирҳои муассири Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар самти беҳтар намудани вазъи некуаҳволии сокинони пойтахт аз ҷониби соҳибкори ватанӣ, роҳбарияти ҶДММ «Сарманзил»,  вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Маҳмудҷон Муродов сурат гирифт.

Дар доираи ин амали эҳсонкорона 101 нафар омӯзгорону кормандони Мактаб-интернати рақами 1 барои кӯдакони ятими шаҳр, 150 нафар омӯзгорону кормандони МТМУ №55 ва 55 нафар омӯзгорону кормандони МТМУ №39, инчунин истиқоматкунандагони кӯчаву маҳаллаҳои Камоли Хуҷандӣ, Восифӣ, Шоҳмансур-1, Роҳи оҳанчиён, Бедил, Барно, Чиноро-1, Саноат, Айнӣ-16- и шаҳри Душанбе  аз ин кумакҳо бархурдор шуданд.

Кумакро, ки аз маводи мавриди ниёзи аввал  иборат буд, намояндагони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва ноҳияи Шоҳмансур  зери шиори ҲХДТ «Барои зиндагии шоиста» ба оилаҳои камбизоату маъюб дастрас карданд.

Масъулини КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе изҳор доштанд, ки шиори «Барои зиндагии шоиста»-ро тавассути ҷалби афроди саховатпеша ба дастгирии табақаи ниёзманди ҷомеа дар  оянда  ба як ҳаракати фаъол табдил хоҳанд дод.

Зимни дастрас намудани маводи кумакшуда ба сокинон, масъулони КИ ҲДТ дар шаҳри Душанбе бо сокинон суҳбат намуда, чунин амалҳоро идомаи татбиқи амалии сиёсати инсондӯстонаи роҳбарияти  олии давлату ҳукумат арзёбӣ карданд.

Бо инобати авзои кунунии ҷомеаи ҷаҳон, дасти кумак дароз намудан ба табақаи эҳтиёҷманди аҳолӣ тадбири саривақтӣ маҳсуб мешавад. Ҳамзамон зикр гардид, ки давлату ҳукумат дар доираи сиёсати иҷтимоии худ ғамхорӣ нисбат  ба  табақаи эҳтиёҷманди аҳолиро идома медиҳад.

Аснои суҳбат бо сокинон ҳамзамон гуфта шуд, ки онҳо  бояд  ба ҳар гуна овозаҳои беасос дода нашаванд ва танҳо ба  маълумоти расмӣ такя кунанд. Зеро дар асл пинҳон доштани ҳар гуна маълумот вобаста ба бемории коронавирус ба манфиати миллат  нахоҳад буд.

Дар ин робита ва ҷиҳати тақвияти тадбирҳои вобаста ба пешгирии ин беморӣ дар  мамлакат дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии рақами 55, 39 ва Мактаб-интернати рақами 1 барои кӯдакони ятими шаҳри Душанбе варақаҳои иттилоотӣ бо навиштаҷоти тадбирҳои вобаста ба пешгирии бемории  коронавирус миёни устодону хонандагон тақсим карда шуд.

Аз ҷониби соҳибкор дар умум 400 ҳазор дона чунин варақаҳои таблиғотӣ ҷиҳати маълумотнокгардонии аҳолӣ ва 1000 дона ниқобҳои тиббӣ ба раёсатҳои тандурустӣ ва маориф, инчунин дигар зерсохторҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои миёни кормандон тақсим намудан дастрас карда шуд.

Соҳибкор ва вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Маҳмудҷон Муродов ҳамчун ҷонибдорӣ аз сиёсати инсондӯстонаи Пешвои миллат ва Раиси шаҳри Душанбе ба кормандони бахшҳои коммуналии ноҳияҳои шаҳри Душанбе ҳам чунин кумакҳо расонид.

Аснои қабули кумакҳо сокинон азри сипосу миннатдории худро ба Президенти мамлакат ва соҳибкор ҷиҳати чунин кумакҳо расониданд.

Албатта, чунин амалҳои хайру сахо метавонанд намунаи ибрат ба дигар вакилону соҳибкороне шаванд, ки имкони кумак кардан ба ашхоси ниёзманду маъюбро доро ҳастанд. Бо иҷрои ин амал онҳо метавонанд дар беҳбуд ёфтани вазъи некуаҳволии мардум саҳм бигиранд.

Апрель 23, 2020 15:08

Хабарҳои дигари ин бахш

«QR-РОҲНАМО». Шаҳри Душанбе ба марҳилаи нави сайёҳии рақамӣ қадам мегузорад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ бо иштироки 20 ҳазор нафар ҳамоиши идона доир шуд
Рустами Эмомалӣ бо Сафири Чин дар Тоҷикистон Го Ҷитзюн мулоқот намуданд
Дар Душанбе даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Ҳунарманди сол» ҷамъбаст гардид
Таҷлили бошукуҳи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе
Рустами Эмомалӣ ва Валентина Матвиенко ба «Мактаби таҳсилоти миёнаи умумии ба номи Ю.А. Гагарини шаҳри Душанбе» ташриф оварданд
Шаҳри Душанбе сазовори «Шоҳҷоиза»-и Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин шаҳру ноҳия, шаҳраку деҳот, деҳа, маҳали аҳолинишин ва хонаи истиқоматӣ» гардид
Дар шаҳри Душанбе зиёда аз 3 миллион бех лола шинонида мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Дар Душанбе таъмини 3300 иншоот бо гармӣ дар назар дошта шудааст
Дар ҳудуди шаҳри Душанбе зиёда аз 214 ҳазор бех дарахтони ороишию сояафкан шинонида мешаванд
Дар шаҳри Душанбе озмуни «Беҳтарин донандаи китобҳои Пешвои миллат» баргузор мегардад
ТУ ШАҲРИ ГУЛБАДОМОНӢ, ДУШАНБЕ! Дар пойтахт зиёда аз 12 миллион гулҳои мавсимию бисёрсола шинонида мешавад