ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 10 апрел, ҷумъа, 101-умин рӯзи соли 2020 аст

Апрель 10, 2020 08:00

10 апрели соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои анҷом додани сафари расмӣ ва иштирок дар Форуми 7-уми ҷаҳонии об ба Ҷумҳурии Корея сафар карданд.

***

10 апрели соли 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Комиссияи Аврупо Жозе Маннуэл Баррозу мулоқот намуданд. Зимни ин вохӯрӣ муносиботи ояндаи Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо дорои дурнамои густурда номида шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Брюссел ноиби Президенти Бонки сармоягузории Аврупо Вилҳелм Молтерерро ба ҳузур пазируфтанд.

10 АПРЕЛ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон- рӯзи Қӯшунҳои дохилӣ.

***

Дар Озарбойҷон- рӯзи сохтмончиён.

РӮЙДОДҲО:

10 апрели соли 2012 дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи нуҳуми Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ баргузор гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 1919 дар Самарқанд аввалин шумораи маҷалла бо забони тоҷикӣ «Шуълаи инқилоб» ба нашр расид.

***

10 апрели соли 1930-  оғози радиошунавонӣ дар шаҳри Душанбе.

***

5 сол қабл, 10 апрели соли 2015 дар шаҳри Тэгуи Ҷумҳурии Корея Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  бо мири шаҳри вилояти Кёнсан-Пукто Кимом Кваном Йонго мулоқот намуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2020 Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» хабар дод, ки Вазири вақти меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сумангул Тағойзода дар иҷлосияи 30-юми Кумитаи Созмони Милали Муттаҳид иштирок намуд.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 2015 дар Донишгоҳи давлатии геологии Россия ба номи Серго Орҷоникидзе (МГРИ-РГГРУ)  конфронси XII илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Тарҳҳои нав дар бораи Замин» баргузор шуд, ки дар он намояндагон аз Ҷумҳурии Тоҷикистон низ иштирок намуданд.

***

Соли 1833 бори нахуст истеҳсоли гӯгирд оғоз гардид.

Тақвими моро дар ин гӯша

шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ зад

Апрель 10, 2020 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 август, душанбе, 230-юмин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 август, якшанбе, 229-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 август, шанбе, 228-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 август, ҷумъа, 227-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 14 август, панҷшанбе, 226-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 13 август, чоршанбе, 225-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 11 август, душанбе, 223-юмин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 10 август, якшанбе, 222-юмин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 август, шанбе, 221-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 8 август, ҷумъа, 220-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 7 август, панҷшанбе, 219-умин рӯзи соли 2025 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 6 август, чоршанбе, 218-умин рӯзи соли 2025 аст