ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 апрел, душанбе, 118- умин рӯзи соли 2020 аст
27 апрели соли 2016 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як мавзеи хушбоду ҳавои соҳили дарёи Вахш Истироҳатгоҳи замонавии «Пули Сангин»-ро ифтитоҳ карданд.
***
4 сол пеш, 27 апрели соли 2016 дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Норак Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Неругоҳи барқи обии Норак ташриф оварда, муҳимтарин қисмати ин иншооти стратегӣ – дастгоҳи тақсимкунандаи пӯшидаи элигазии 500 кВ-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2017 зимни маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазири вақти меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Сумангул Тағойзода дар хусуси лоиҳаи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Қатар оид ба танзими қувваи корӣ дар Давлати Қатар гузориш дод.
27 АПРЕЛ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:
Дар ИМА- рӯзи ниҳолшинонӣ.
РӮЙДОДҲО:
27 апрели соли 1930 дар Душанбе аввалин театр-студияи мусиқавӣ таъсис ёфт.
***
Дар ин рӯзи соли 1992 Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея муносибатҳои дипломатӣ барқарор намуданд.
***
4 сол пеш, 27 апрели соли 2015 дар Душанбе аввалин ҷаласаи Иттифоқи собиқадорон-интернатсионалистони Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуд.
***
Дар ин рӯзи соли 2017 дар Душанбе ҷаласаи 12-уми якҷояи гурӯҳи кории Точикистону Россия баргузор гардид.
***
27 апрели соли 1933 Китобхонаи илмии марказии пойгоҳи тоҷикистонии АИ ИҶШС – ҳоло Китобхонаи илмии марказии Академияи илмҳои Тоҷикистон ба номи Индира Гандӣ кушода шуд.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…
Соли 1908 Бозиҳои IV олимпӣ дар шаҳри Лондони Британияи Кабир оғоз гардида, як моҳ идома ёфтанд.
***
Соли 1975 дар мусобиқаи мошинронии «Формула-1» бори аввал ва охир дар таърих холҳои санҷиширо зан соҳиб шуд.
шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ зад









Барои довталабон ва шахсони масъули рушди захираҳои инсонӣ дар низоми бонкии Тоҷикистон оид ба барномаи JISPA ҳамоиш доир шуд
Дар «Тоҷикаэронавигатсия» татбиқи Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Форуми ҳайати фармондеҳони Маркази омӯзишҳои таҳқиқотии Шарқи Наздик ва Осиёи Ҷанубӣ иштирок намуд
Маҳсулоти пешрафтаи рақамӣ (digital)-ро кӣ ва чӣ гуна таҳия менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе 176 кило гӯшти бедонаи ба талаботи бехатарӣ ҷавобгӯнабуда мусодира гардид
Дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ намоишҳои фурӯши либос ва лавозимоти мактабӣ идома дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар Маркази миллии тестӣ ва Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайн нишасти матбуотӣ доир мегардад
«Қиссаҳои Шераки Ориён» аз чоп баромад
Дар Вена масоили густариши ҳамкории Тоҷикистон бо Агентии Австрия оид ба рушд баррасӣ шуд






