ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 5 апрел, якшанбе, 96-умин рӯзи соли 2020 аст
5 апрели соли 2014 дар шаҳри Қайроққуми вилояти Суғд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон роҳбарони ду ширкати соҳибнуфузи Ҷумҳурии Мардумии Чинро ба ҳузур пазируфтанд.
***
4 сол пеш, 5 апрели соли 2016 ба иттилои агентии афғонии «Hama Press» дар натиҷаи таркиш дар қисмати марказии Афғонистон 6 нафар ба ҳалокат расида, 15 нафар ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардоштанд. Ба иттилои манбаъ, маводи таркандаи дар зери мошин буда дар яке аз мактабҳои ноҳияи Сиёгарди вилояти Парвон ба кор дароварда шуд. Миёни фавтидагон ва захмбардоштагон кӯдакон, занҳо ва кормандони мақомоти корҳои дохилӣ буданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2019 дар Душанбе масъалаи баланд бардоштани мавқеи Тоҷикистон зимни арзёбиҳои байналмилалӣ баррасӣ гардид.
5 АПРЕЛ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:
Дар Кореяи шимолӣ- Рӯзи ниҳолнишонӣ.
***
Дар Исландия рӯзи аввали тобистон.
РӮЙДОДҲО:
5 апрели соли 1930 экспедитсияи Тоҷикистон-Помири Академияи илмҳои Шӯравӣ таъсис дода шуд.
***
Дар ин рӯзи соли 1930 рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» (ҳоло «Ҷавонони Тоҷикистон») таъсис ёфтааст.
***
5 апрели соли 1996 дар Тоҷикистон аввалин агентии иттилоотии мустақил ба кори худ оғоз намуд.
***
5 апрели соли 1996 дар ҷараёни вохӯрии худ дар Шанхай сарони давлатҳои Россия, Чин, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон созишнома дар бораи пурқувватсозии соҳаи ҳарбӣ дар ноҳияҳои байнисарҳадиро ба имзо расониданд.
***
10 сол қабл, дар ин рӯзи соли 2010 Котиби генералии СММ Пан Ги Мун ба Тоҷикистон ташриф овард.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…
Соли 2019 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба имзо расид.
***
Соли 1993 бо қарори Ҳукумати Федератсияи Россия ширкати нефти «Лукойл» таъсис ёфт.
шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ зад