ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 8 апрел, чоршанбе, 99-умин рӯзи соли 2020 аст
8 апрели соли 2011 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бўстонсарои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони сершумори қишрҳои гуногуни аҳли ҷомеа доир ба ҷамъбасти муҳокимаи умумихалқии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» вохӯрӣ намуданд.
***
5 сол пеш, 8 апрели соли 2015 дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи Кумитаи ҳарбии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ баргузор гардид.
***
Дар ин рӯзи соли 2019 дар Қатар раиси вақти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров дар ҷаласаи 140-уми Иттиҳоди Ассамблеяи Байнипарлумонӣ сухан гуфт.
8 АПРЕЛ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон- рӯзи иқтисодчиён.
***
Дар Россия- рӯзи аниматсия.
РӮЙДОДҲО:
8 апрели соли 2002 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар кори Саммити Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё иштирок намуданд, ки дар ҷараёни он масъалаҳои бехатарӣ ва ҳамкорӣ дар Осиёи Марказӣ баррасӣ гардиданд.
***
8 апрели соли 1980 дар Душанбе бори нахуст кинофестивали XIII умумииттиҳодиявӣ баргузор гардид.
***
27 сол қабл, 8 апрели соли 1992 дар Душанбе протокол оид ба барқарории муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Россия ба имзо расид.
***
Дар ин рӯзи соли 2003 президенти вақти Украина Леонид Кучма ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сафари нахустини расмӣ ташриф овард.
***
8 апрели соли 2019 паҳлавони шинохтаи тоҷик Комроншоҳи Устопириён дар мусобиқоти Гран Прии Анталия соҳиби медали биринҷӣ гардид.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…
Соли 1766 дар ИМА ба нахустин нардбони оташнишонӣ патент дода шуд.
***
Соли 1935 дар Иттиҳоди Шӯравӣ нисбат ба кӯдакони аз 12- сола боло ҷавобгарии ҷиноӣ амалӣ карда шуд.
шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ зад