ТАВСИЯИ МУТАХАССИС. Кишоварзони тоҷикро зарур аст, ки аз як гектар ду-се ҳосил рӯёнанд

Апрель 17, 2020 16:02

ДУШАНБЕ, 17.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Соли равон дар саросари заминҳои обию лалмӣ, боғоти интенсивӣ ва байни дарахтони мевадиҳанда ва дигар мавзеъҳо бояд кишти зироати ғалладонагиҳо ба роҳ монда шавад. Вазъияти имрӯзаи ҷаҳон аз кишоварзони тоҷик тақозо мекунад, ки дар заминҳои обӣ аз як гектар ду ва се ҳосил ба даст биёранд.  

Ин тавсияро дар робита ба паҳншавии коронавируси COVID-19, ки ба иқтисодиёти тамоми дунё бетаъсир намондааст, мудири озмоишгоҳи генетика ва селексияи растаниҳо, Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании АМИТ, доктори илмҳои кишоварзӣ Қурбоналӣ ПАРТОЕВ зимни суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Мавҷуда АНВАРӢ иброз намуд.

Олими тоҷик зикр кард, ки вазъияти ба амаломада тамоми деҳқонону кишоварзони тоҷикро водор мекунад, ки ҳамаи усулҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироати кишоварзиро  самаранок истифода баранд.

Кишоварзони водиҳои Вахшу Кӯлоб, Ҳисор ва вилояти Суғд бояд баъди ҷамъоварии ғалладонагиҳо кишти такрории сабзавот, картошка, полезиҳо, лӯбиёгиҳо, ҷуворимакка, офтобпараст, мош ва дигар зироатро аз ҳоло бояд ба нақша гиранд.

Инчунин барои сарфаи об дар он ҷойҳое, ки имконият ҳаст, усули иноватсионии қатрагиро ҳаматарафа бояд ҷорӣ намоянд. Ин махсусан дар заминҳои наздикӯҳӣ ва кӯҳӣ барои сарфаи об ва эмин нигоҳ доштани замин аз таназзулёбӣ (эрозияи обии хок) кумаки калон расонида, баҳри ба даст овардани маҳсулоти кишоварзӣ мусоидат менамояд. Усули обмонии «шарбатоб» махсусан дар заминҳои камҳосилу санглохи вилояти Суғд ва дигар минтақаҳои мамлакатамон яке аз роҳҳои асосии самаранок ва баланд бардоштани ҳосилнокии зироат ва ҳосилхез гаштани хок ба шумор меравад.

Ба масъалаи киштгардон ва ҷорӣ намудани кишти омехтаи зироат, аз қабили ҷуворимаккаю офтобпараст, топинамбуру ҷуворимакка, офтобпараст, махсусан дар заминҳои серсангу серрег ва берун аз заминҳои обии корам яке аз роҳҳои ба даст овардани  ҳаҷми зиёди баргу поя барои чорво усули нави инноватсионӣ ба шумор меравад.

Ба гуфтаи доктори илмҳои кишоварзӣ, чунин таҷрибаҳои гузаронидаи олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар водии Ҳисор инро хеле хуб собит намуд. Яъне аз ин имконияти то 70-80 тонна/га  баргу пояи сабзро аз кишти омехтаи топинамбуру офтобпараст ва ҷуворимакка ба даст овардан мумкин аст. Дар заминҳои санглох бояд паравариши ду ё се зироат (топинамбур, ҷуворимакка, офтобпарсту ҷуворӣ) имконияти васеи ба даст овардани ҳаҷми зиёди баргу пояи сабз ва лӯндаҳои топинамбурро пеш меорад. Лӯндаҳои топинамбур аз сабаби дар таркибашон доштани қариб 20 номгӯй микроэлементҳо беҳтарин мавод барои тақвияти иммунитети организми одам ва паст намудани қанд дар хун ба шумор мераванд. Тавре ки олимон собит намудаанд, яке аз роҳҳои асосии гирифтор нагаштани организми одам ба короновирус- ин тақвият бахшидани иммунитети организм мебошад.

Ба деҳқонон ниҳоят зарур аст, ки ҳарчи бештар дар истеҳсолот ҷорӣ намудани кишти зироати лӯбиёгиҳоро ҳам дар минтақаи водӣ (дар кишти такрорӣ) ва ҳам дар кӯҳистон бояд ба роҳ монд. Дар водии Рашт, ноҳияҳои кӯҳистони мамлакат, ки акнун вақти кишти картошка фаро расида истодааст, олими тоҷик таҷрибаи кишти омехтаи картошкаро бо зироати лӯбиёгиҳо ва дар охири қаторҳо ва паҳлӯи заминҳо кишти кадуро тавсия медиҳад. Ин таҷрибаи деҳқонӣ метавонад дар саросари   картошкатазори минтақаи кӯҳистон сабаби  аз замин бардоштани ду ҳосил ва тавассути кишти лӯбиёгиҳо нигоҳ доштани ҳосилхезии заминҳо гардад.

Инчунин ба деҳқонон тавсия дода мешавад, ки дар вақти кишти картошка бештар аз поруҳои органикӣ, коҳмондаҳо ва хокистар истифода баранд. Дар ҳар гектари картошказор пошидани 10-15 тонна поруҳои органикӣ, инчунин 1-2 тонна хокистар сабаби ба даст овардани ҳосили баланди картошка ва дигар зироат мегардад. Набояд фаромӯш намуд, ки ба муқобили ҳашароту зараррасонҳо аз маводи табиӣ, аз қабили маҳлули обии талха (тахач), қаламфур, сирпиёз, пиёз, баргҳои чормағзу топинамбур ва ғайраҳо метавон васеъ истифода намуд.

«Деҳқонони тоҷик дар баробари тухмиҳои аз берун воридшуда бояд ба парвариши тухмии навъҳои маҳалии ватанӣ оғоз намоянд. Зеро дар урфият мегӯянд: «Дар худат нест, дар олам нест», яъне бояд ба тухмии ватанӣ, меваи ватанӣ ва захираҳои табиии ватани биҳиштосоямон  мо бояд бештар такя намоем. Деҳқонону кишоварзони мамлакат бояд ҳар як ваҷаб замини зархези аҷдодиро босамар истифода намоянд. Чунки дар таъмин намудани яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Тоҷикистон- амнияти озуқаворӣ саҳм ва масъулияти кишоварзону деҳқонони асил ва олимони ҷумҳурӣ калон аст»,-гуфт мудири озмоишгоҳи генетика ва селексияи растаниҳои  Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании АМИТ, доктори илмҳои кишоварзӣ Қурбоналӣ Партоев.

Апрель 17, 2020 16:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон нақшаи кишти пахта 90 фоиз иҷро гардид
Масъалаи рушди соҳаи маорифи Тоҷикистон дар Риёз баррасӣ гардид
Байни Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки марказии Ҷумҳурии Узбекистон Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Байни Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон бо Директори генералии Корпоратсияи исломӣ оид ба суғуртаи сармоягузорӣ ва қарзҳои содиротӣ (ICIEC) мулоқот намуд
Завқӣ Завқизода аз Президенти Гурӯҳи Бонки Исломии Рушд дархост намуд, ки ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди Тоҷикистон маблағгузориро афзоиш диҳад
Силсилавохӯриҳои ҳайати расмии Тоҷикистон дар ҷаласаи солонаи Гурӯҳи Бонки Исломии Рушд баргузор шуданд
Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар Риёз бо Роҳбари ITFC мулоқот анҷом дод
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаҳои солонаи Гурӯҳи Бонки Исломии Рушд дар Риёз иштирок намуд
Одил Рено-Бассо: «Ҳамкории Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд ва Тоҷикистонро метавон ҳамчун ҳамкории шарикӣ арзёбӣ намуд»
Дар ноҳияи Данғара Фестивали «Саводнокии молиявӣ» гузаронида шуд
Ҷаласаи Ситоди байниидоравӣ оид ба ҳамоҳангсозии амалишавии сиёсати макроиқтисодӣ ва пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ доир шуд