Тоҷикистон дар се моҳи аввали соли 2020 ба маблағи беш аз 2,4 миллиард сомонӣ маҳсулот содир намудааст

Апрель 17, 2020 13:10

ДУШАНБЕ, 17.04.2020/АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон новобаста ба  баъзе омилҳои берунӣ, хусусан эълон гардидани пандемия аз ҷониби Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар иртибот ба зуҳури вируси «COVID-19» ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатиро дар қиёс нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта, афзоиш додааст.

Дар семоҳаи соли равон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ҷумҳурӣ ба зиёда аз 6,7 миллиард сомонӣ расонида шуд, ки суръати афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 16,9  фоизро ташкил дода, ба маблағи беш аз 1,8 миллиард сомонӣ зиёд гардид. Ҳиссаи соҳаи саноат дар таркиби маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) ба 20,4 фоиз баробар шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 0,6 банди фоизӣ зиёд  аст.

Дар хабари Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфта мешавад, ки дар ин давра ҳиссаи саноати маъдан 25,9 фоиз, электроэнергетика  беш аз 32 фоиз, саноати хӯрокворӣ 17 фоиз, саноати сабук  қариб 5 фоиз, корхонаҳои пахтатозакунӣ 3,2 фоиз, саноати масолеҳи сохтмон 8,4 фоиз, саноати мошинсозӣ 6,8 фоиз, саноати ангишт 0,6 фоиз, саноати табъу нашр 0,5  ва саноати нафт ва газ 0,6 фоизро дар таркиби ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ташкил дод.

Ҳамзамон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар саноати ангишт беш аз  101 фоиз, саноати маъдани кӯҳӣ 119,5 фоиз,  саноати масолеҳи сохтмон 114 фоиз, саноати сабук 125,6 фоиз, саноати мошинсозӣ беш аз 130 фоиз,   саноати табъу нашр 117,4 фоиз, саноати хӯрокворӣ 106,2 фоиз, корхонаҳои пахтатозакунӣ зиёда аз 153 фоиз, нафт ва газ 151,8 ва    электроэнергетика 121,7  фоиз афзоиш ёфтааст.

Дар ин давра рушди саноат дар минтақаҳои ҷумҳурӣ, ба истиснои Бадахшон (85,6%) таъмин гардида, афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилояти Суғд 119,4 фоиз, Хатлон  беш аз 117 фоиз, шаҳри Душанбе  зиёда аз 105 ва навоҳии тобеи марказ беш аз 123 фоизро ташкил дод.

Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ аз ҳисоби зиёдшавии саноати истихроҷ  беш аз 110 фоиз, саноати коркард зиёда аз 121 фоиз, истеҳсол ва тақсими неруи барқ, газ ва гармӣ қариб 110 фоиз ба вуҷуд омадааст. Инчунин дар ин давра Тоҷикистон ба хориҷи мамлакат ба маблағи беш аз аз 2,4 миллиард сомонӣ маҳсулот содир намудааст, ки зиёда аз 1,7 миллиард сомонӣ ба бахши саноат рост меояд.

Афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ҷумҳурӣ  дар ҳолест, ки саноатикунонии  мамлакат яке аз чор ҳадафи стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб мешавад.

Апрель 17, 2020 13:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд
Байни Тоҷикистон ва Лаос масоили таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қирғизистон дар самтҳои тиҷорат, нақлиёт, сармоягузорӣ ва логистика густариш меёбад
Таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо ширкати «Smart Villages» -и Миср дар соҳаи инноватсия баррасӣ гардид
Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди СПЕКА иштирок намуд
Файзиддин Қаҳҳорзода бо намояндагони Институти ҷаҳонии рушди сабз ва Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ вохӯрӣ намуд
Ҷалби сармоя ба соҳаи фармасевтикаи Тоҷикистон бо иштироки сармоягузорони Чин баррасӣ гардид
Тоҷикистон ва Олмон ҳамкории иқтисодию тиҷоратиро густариш медиҳанд