Толибхон Азимзода намояндаи Маҷлиси намояндагон дар Суди конститутсионӣ интихоб гардид

Апрель 29, 2020 16:23

ДУШАНБЕ, 29.04.2020. /АМИТ «Ховар»/.  Вакили мардумӣ Толибхон Азимзода намояндаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид. Дар ин бора имрӯз зимни ҷаласаи навбатии палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон қарори дахлдор қабул шуд.

Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, мавсуф бо пешниҳоди Раиси Маҷлиси намояндагон ва ҷонибдории кулли вакилони мардумӣ ба ин мақом таъйин гардид.

Номбурда вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум буда, дар мақомоти прокуратура ва вазифаҳои пурмасъули давлатӣ таҷрибаи зиёда аз 30-сола дорад.

«Толибхон Азимзода коргузории мамлакатро хуб медонад. Аз ин хотир, боварӣ дорем дар иҷрои вазифаи масъул ва мустаҳкам намудани қонунгузории конститутсионӣ саҳми назаррас мегузорад»,- иброз дошт Раиси комиссия оид ба назорати дастур ва ташкили кори Маҷлиси намояндагон Ҷамшед Муртазозода дар ҷаласа.

Толибхон Азимзода 25 ноябри соли 1959 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ буда, соли 1983 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленинро (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм намудааст.

Номбурда то ин дам  ба ҳайси прокурори шуъбаи назорати умумии прокуратураи вилояти Хатлон (собиқ Қурғонтеппа), ёрдамчии калони прокурори вилоят оид ба назорату иҷро, муовини прокурори ноҳияи Ёвон, прокурори ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон, муовини прокурори вилояти Хатлон — сардори Раёсати тафтишотии ҳамин прокуратура, прокурори ноҳияи Колхозобод (ҳоло Ҷ.Румӣ),  прокурори ноҳияи Панҷ, муовини аввали прокурори вилояти Хатлон, ёрдамчии калони прокурори вилояти Хатлон оид ба назорати иҷрои қонунҳо дар мақомоти амнияти миллӣ, прокурори назорати иҷрои қонунҳо дар муассисаҳои ислоҳии шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ фаъолият намудааст. Дорои рутбаи мушовири адлияи дараҷаи якум мебошад.

Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати панҷум буд. 1 марти соли 2020 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум интихоб гардидааст.

Апрель 29, 2020 16:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Раиси Маҷлиси намояндагон бо Сафири Чин дар Тоҷикистон вохӯрӣ намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Қирғизистон ба тасвиб расид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир шуд
Файзалӣ Идизода бо Раиси Маҷлиси аш — Шурои Шоҳигарии Арабистони Саудӣ вохӯрӣ намуд
Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо муовини якуми Раиси Федератсияи палатаҳои тиҷоратии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ вохӯрӣ намуд
Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо Раиси Агентии рушди сармоягузории Шоҳигарии Арабистони Саудӣ вохӯрӣ намуд
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд вохӯрии вакилони Маҷлиси намояндагон бо устодону донишҷӯён доир гардид
Ба омӯзгорону донишҷӯёни Коллеҷи омӯзгории шаҳри Хуҷанд муҳтавои Паёми Президенти Тоҷикистон расонида шуд
Ба сокинони ноҳияҳои Шамсиддини Шоҳин, Муъминобод ва Ховалинг Паёми Президенти Тоҷикистон шарҳ дода шуд