«Устод Айнӣ ва асолати забони тоҷикӣ»-ҳамоиши илмию амалӣ дар Душанбе

Апрель 10, 2020 16:15

ДУШАНБЕ, 10.04.2020 /АМИТ «Ховар»/.  Танҳо дар асари худ таҳти унвони «Маънои калимаи «тоҷик» ва услуби нигориши он», ки  ҳамагӣ 24 саҳифаи дастнавис аст,  устод Айнӣ  208 маротиба калимаи «тоҷик»-ро зикр намудааст ва барои исботи фикраш санадҳои раднопазир меорад. Ин нукта  имрӯз зимни ҳамоиши илмию амалӣ таҳти унвони «Устод Айнӣ ва асолати забони тоҷикӣ», ки бо ташаббуси кафедраи услубшиносӣ ва таҳрири адабии факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (ДМТ) доир гардид, иброз шуд. Ҳамоиши  мазкур  ба пешвози Рӯзи илм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифт, ки ҳамасола  15 апрел ба хотири зодрӯзи устод Садриддин Айнӣ дар сатҳи донишгоҳу донишкадаҳои мамлакат доир мегардад.

Зикр гардид, ки нақши устод Айнӣ дар тафсири  калимаи «тоҷик» ва ҳифзи фарҳангу таърихи ин миллати куҳанбунёд бузург аст. Ба иттилои маърӯзачиёни ҳамоиш, устод Айнӣ бо далелҳои таърихӣ ва илмӣ исбот мекунад, ки сокинони Осиёи Миёна ватандорони аслии ин минтақа мебошанд. «Агар китобҳои дарсии замони устод Айниро гирем, аз ягон нафар адибе, ки имрӯз шӯҳрати ҷаҳонӣ пайдо кардааст, ба монанди Умари Хайём, Фирдавсӣ, Мирзо Абдулқодири Бедил, Абдураҳмони Ҷомӣ, Саъдию Ҳофиз ному нишон набуд, зеро онҳоро ба халқи Эрон мансуб медонистанд ва ба миллати тоҷик ҳуқуқ намедоданд, ки онҳоро адиби худ гӯянд», — таъкид гардид дар идомаи ҳамоиш.

Ба иттилои муҳаққиқони соҳа, маҳз соли 1940  ба муносибати 10- солагии ташкили Ҷумҳурии шӯравии сотсиалистии  Тоҷикистон  як китобе таҳти унвони «Намунаҳои адабиёти тоҷик» бо ҳуруфи лотинӣ чоп шудааст, ки мушовирони он устод Айнӣ ва Абулқосим Лоҳутӣ буданд. «Муқаддимаи ин асар, ки бо салоҳдиди устод Айнӣ аз ҷониби  Иосиф Самойлович Брагинский навишта шудааст, имкон дод, ки бори аввал дар таърихи Ҳукумати Шӯравӣ ба воситаи расмият ёфтани истилоҳи тоҷику форс ҳуқуқи тоҷикон ба мероси маънавии гузашта расман дар сатҳи мақомоти давлатӣ қабул шавад», — таъкид намуданд иштирокчиёни ҳамоиш.

Апрель 10, 2020 16:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст