Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон дар онлайн-ҷаласаи Алянси авруосиёии омбудсменҳо иштирок намуд

Апрель 30, 2020 10:32

ДУШАНБЕ, 30.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. 29 апрел Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода дар ҷаласаи сеюми Алянси авруосиёии омбудсменҳо бахшида ба 75-солагии ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ки тариқи онлайн-ҷаласа баргузор гардид, ширкат намуд. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар онлайн-ҷаласа намояндагони кишварҳои аъзои Алянси авруосиёии омбудсменҳо, аз ҷумла, омбудсменҳои Қазоқистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Арманистон, Федератсияи Россия, Сербия, Ҷумҳурии Исломии Эрон ва низ ширкат доштанд. Мавзӯи онлайн-ҷаласа, ки аз ду қисмат иборат буд, ба ҷашни 75-солагии Ҷанги Бузурги Ватанӣ, инчунин таҷрибаҳои беҳтарини омбудсменҳо ва ниҳодҳои миллии ҳифзи ҳуқуқи инсон дар давраи пандемияи COVID-19 бахшида шуд.

Ёдовар мешавем, ки 18 декабри соли 2019 мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои комилҳуқуқи Алянси авруосиёии омбудсменҳо гардид.

Апрель 30, 2020 10:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст