Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода бо сокинони ноҳияи Ховалинг мулоқот намуд

Апрель 13, 2020 16:00

ДУШАНБЕ, 13.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Нақшаи сохтмони иншооти  пешбинишуда ба шарафи ҷашни 30-солагии Истиқлолият 64 фоиз иҷро гардидааст, ки он зиёда аз 200 иншооту корхона ва пулу роҳҳоро дар бар мегирад. Дар  масъалаи даъвати наваскарон ба хизмати ҳарбӣ ҳам ҷавонони ноҳия пешсаф буда, мақомоти дахлдор корро дар ин самт дуруст ба роҳ мондааст,-зикр намуд Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Рамазон Раҳимзода имрӯз зимни вохӯрӣ бо сокинон  ва фаъолони ноҳияи Ховалинг.

Мулоқоти мазкур дар доираи корҳои омодагӣ ба истиқболи сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сокинони ноҳияи Ховалинг баргузор гардид.

Дар ин бора аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Дар мавриди корҳои омодагӣ оид ба пешгирии бемории коронавирус гуфта шуд, ки дар ноҳия 65 кати алоҳида ҷудо гардида, тамоми корхонаҳо ва муассисаҳои таълимӣ бо маводи гигиенӣ таъмин гардидаанд. Ҳамзамон риояи гигиена дар хонаю корхонаҳо ва тозагии кӯчаву маҳаллаҳо таъкид карда шуд.

Зикр гардид, ки дар ин муддат зиёда аз 5 км роҳҳо таъмир гардида, ба маҳаллаҳое, ки аз об танқисӣ мекашиданд, об бароварда шуд.

Дар ҷараёни вохӯрӣ Вазири корҳои дохилӣ дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҷиҳати омодагӣ ба ҷашни 30-солагии Истиқлолият, корҳои ободонию созандагӣ, сарсабзу зебогардонӣ, зиёд намудани дарахтшинонӣ ва гулшинонӣ расонид.

Гуфта шуд, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо  мақсади дар ноҳияи Ховалинг сохтани чойхонаи замонавӣ барои сайёҳон замин ҷудо гардидааст. Ҳамчунин ҷиҳати пешкаш намудани гиёҳҳои табиӣ ба сайёҳон, равнақ додани соҳаи асалпарварӣ ва коркарди асал, бунёди сехҳо ва корхонаи коркарди асал тавсияҳо дода шуд. Соли 2019 дар ноҳия  61 тонна асал истеҳсол шудааст.

Вазири корҳои дохилӣ оид ба амалигардонии нақшаҳои 30-солагии Истиқлолият ба масъулин дастуру супоришҳои Пешвои миллатро расонида, инчунин барои ободӣ ва сохтмони бинову иншоот изҳори қаноатмандӣ кард.

Апрель 13, 2020 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди СПЕКА иштирок намуд
Файзиддин Қаҳҳорзода бо намояндагони Институти ҷаҳонии рушди сабз ва Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ вохӯрӣ намуд
Ҷалби сармоя ба соҳаи фармасевтикаи Тоҷикистон бо иштироки сармоягузорони Чин баррасӣ гардид
Тоҷикистон ва Олмон ҳамкории иқтисодию тиҷоратиро густариш медиҳанд
Хуршед Мирзо дар Форуми дуюми Тян-Шон оид ба дастовард ва иқтидори инноватсионии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намуд
Дар шаҳри Бӯстон хати нави истеҳсолӣ ва зеристгоҳи барқӣ ифтитоҳ гардид
Ҷаласаи шарҳи маҷмуии лоиҳаҳои сармоягузории давлатии аз ҷониби Бонки Осиёии рушд маблағгузоришаванда доир шуд
Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд