Видео-ҳамоиш: Баррасии таҳкими ҳамкории байнибонкӣ дар шароити пандемия
ДУШАНБЕ, 28.04.2020/АМИТ «Ховар»/. Иттиҳоди байнибонкии Созмони Ҳамкории Шанхай /СҲШ/ саҳнаи муҳими ҳамкории байнибонкӣ дар доираи СҲШ маҳсуб ёфта, дар шароити кунунии мураккаби иқтисодӣ бонкҳои аъзоро водор месозад, ки бо истифода аз тамоми имконоти мавҷуда барои барқарор намудани вазъи иқтисодиёти кишварҳои СҲШ талош намоянд. Ин нуктаро раиси Раёсати Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» Сироҷиддин Икромӣ зимни ҳамоиши видеоӣ дар ҷамъи роҳбарони бонкҳои давлатҳои аъзои СҲШ баён кард. Корпоратсияи давлатии рушди Бонки берунаи Россия ҳамчун бонки раисикунанда дар доираи Иттиҳоди байнибонкии СҲШ созмондиҳандаи ҳамоиши видеоӣ буда, дар он роҳбарони бонкҳои аъзои Иттиҳоди байнибонкии СҲШ иштирок намуданд.
Аз «Амонатбонк» ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар ҳамоиши онлайнӣ масъалаҳои такмили механизми маблағгузории дарозмуддат, аз ҷумла маблағгузории лоиҳаҳои ширкатҳои давлатӣ ва бахши хусусӣ баррасӣ гардида, инчунин механизми ҳамоҳангсозии қарздиҳӣ, ки аз ҷониби Корпоратсияи давлатии рушди Бонки берунаи Россия бо номи «Фабрикаи маблағгузорӣ» таҳия шудааст, рӯнамоӣ гардид.
Ҳамзамон дар ҳамоиши видеоӣ масъалаҳои дастгирии иншооти инфрасохтории иқтисодиёти шаҳрӣ, васеъ намудани истифодаи асъори миллии кишварҳои аъзои СҲШ дар ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ матраҳ гардиданд.
Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» аз соли 2008 инҷониб ҳамчун институти молиявии давлатӣ аъзои Иттиҳоди байнибонкии Созмони ҳамкории Шанхай мебошад.








Ҳамкории Тоҷикистон ва Қирғизистон дар самтҳои тиҷорат, нақлиёт, сармоягузорӣ ва логистика густариш меёбад
Таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо ширкати «Smart Villages» -и Миср дар соҳаи инноватсия баррасӣ гардид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1020 то 0.1125 сомонӣ муқаррар шудааст
Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди СПЕКА иштирок намуд
Файзиддин Қаҳҳорзода бо намояндагони Институти ҷаҳонии рушди сабз ва Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ вохӯрӣ намуд
Ҷалби сармоя ба соҳаи фармасевтикаи Тоҷикистон бо иштироки сармоягузорони Чин баррасӣ гардид
Тоҷикистон ва Олмон ҳамкории иқтисодию тиҷоратиро густариш медиҳанд
Хуршед Мирзо дар Форуми дуюми Тян-Шон оид ба дастовард ва иқтидори инноватсионии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намуд
Дар шаҳри Бӯстон хати нави истеҳсолӣ ва зеристгоҳи барқӣ ифтитоҳ гардид
Ҷаласаи шарҳи маҷмуии лоиҳаҳои сармоягузории давлатии аз ҷониби Бонки Осиёии рушд маблағгузоришаванда доир шуд
Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд






