Ҷаласаи ғайринавбатӣ дар Бохтар ба рафъи оқибатҳои барфи ғайриинтизор бахшида шуд
ДУШАНБЕ, 09.04.2020/НИАТ «Ховар»/. Тавре аллакай хабар додем, шаби 8 ба 9-уми апрел дар аксар шаҳру навоҳии Тоҷикистон барф борида, замин ва талу теппаҳоро сафед намуд. Бориши борону барфи шабонарӯзи охир, боду ҳавои ноустувор ва поинравии ҳарорат метавонад ба заминҳои кишоварзӣ, боғҳо, чорво зиён расонида, боиси сармохӯрдагии долу дарахтон гардад. Тавре ба АМИТ «Ховар» аз шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон хабар доданд, ин нуктаро имрӯз Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода зимни ҷаласаи ғайринавбатӣ бо иштироки муовинони раис, роҳбари дастгоҳ, мудирони шуъбаю бахшҳо ва масъулони ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ таъкид кард ва зикр намуд, ки дар баъзе ноҳияҳо баландии барф ин субҳ то 15 сантиметрро ташкил додааст.
Бо дарназардошти ин, раиси вилоят ба масъулон дсупориш дод, ки ҷиҳати ба ҷойҳои бехавф кӯчонидани чорво, таъминот бо хошокиҳо, муҳофизати ҳосили боғу токзорҳо, ташкили обёрӣ ва дудмонӣ дар боғу токзор, кушодани ҷӯяк ва ҷӯйборҳои поёноби киштзорҳо, пешгирии пайдоиш ва паҳншавии ҳашароти зараррасони кишоварзӣ, ки ҳангоми пастравии ҳарорат афзоиш меёбанд, тадбирҳои мушаххас андешанд.
Қурбон Ҳакимзода барои огоҳонидани сокинони вилоят аз эҳтимолияти таъсири боду ҳавои ноустувор, худдорӣ намудан аз гаштугузори бидуни зарурат, тозакунии ҷӯйбору каналҳои назди биноҳои истиқоматӣ аз ҳар гуна хасрӯба, партовҳо, ҳамзамон истифодаи пурсамари ҳар ваҷаб замини наздиҳавлигӣ дастур дод.
Дар ҷаласа доир ба зарурати афзоиш додани майдонҳои кишти ғалладонагӣ, сабзавот, донагиҳо, картошка, бардоштани 2-3 ҳосил дар як сол низ сухан рафт.
Раиси вилоят дар ҷаласаи корӣ ҳамзамон бино ба таъсири манфии бемории паҳншудаи коронавирус ба иқтисоди кишварҳои ҷаҳон ба масъулон супориш дод, ки ҳолати санитарию гигиении муассисаҳои тиббию таълимӣ, ҷойҳои ҷамъиятӣ таҳти назорати доимӣ гирифта шавад.










Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд






