100 ҳазор сомонӣ ва 5 ҳазор ниқоби муҳофизатӣ -кумаки Вазорати мудофиа дар роҳи муқовимат ба COVID-19
ДУШАНБЕ, 14.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Фонди хайриявии мубориза бар зидди бемории COVID-19 қариб 100 ҳазор сомонӣ гузаронд. Тибқи иттилои сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ Ориф Нозимиён, Вазорати мазкур дар радифи дигар сохторҳои мамлакат ҷиҳати пешгирӣ аз сироят наёфтани шаҳрвандони мамлакат ба бемории COVID-19 тадбирҳои зарурӣ амалӣ менамояд.
То ин давра аз ҷониби ин соҳтори қудратӣ дар кӯчаву хиёбонҳои тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат чорабиниҳои санитариву гигиенӣ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ ба роҳ монда шудаанд. Инчунин бо мақсади сироят наёфтан аз ин беморӣ дар кӯчаву хиёбонҳо, гулгашту боғҳои фарҳангӣ беш аз 5000 ниқоби тиббӣ ба сокинони шаҳри Душанбе ва меҳмонони пойтахт тақсим гардида, раванди тақсимоти ниқобҳои тиббӣ аз ҳисоби захираи ин ниҳоди қудратӣ идома дорад.
Тадбирҳое, ки аз ҷониби Вазири мудофиаи мамлакат Шералӣ Мирзо ва афсарони ҳама навъҳои қӯшунҳо роҳандозӣ мегарданд, танҳо ба хотири солимии тамоми сокинони мамлакат нигаронида шудаанд.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






