COVID-19. Кумаки моддии Пешвои миллат ба табибон ва сокинони шаҳру ноҳияҳои ВМКБ

Май 15, 2020 12:05

ДУШАНБЕ, 15.05.2020. /АМИТ «Ховар»/. Бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади дастгирии иҷтимоию иқтисодии табибони ҷумҳурӣ ва нафароне, ки ба бемории нави короновирус — COVID-19 гирифтор шудаанд, дар корвони иборат аз 45 мошини пурбор кумаки моддии Пешвои муаззами миллат аз пойтахти мамлакат ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон фиристода шуд.

Ба ҳамаи шахсони мубталои бемории вируси нав ва табибони 8 шаҳру ноҳияи ВМКБ дар ҳаҷми 500 тонна маводи хӯрокворӣ бо маблағи қариб 3 миллион сомонӣ дастрас мегардад.

Маводҳои озуқаворӣ асосан аз молҳои ниёзи аввал — орд, биринҷ, равған, шакар, картошка, сабзӣ, пиёз ва дигар хӯрокворӣ иборат аст.

Дар қатори мошинҳои маводи озуқаворӣ ба шаҳру ноҳияҳои ВМКБ бо маблағи умумии 2 миллион сомонӣ маводи зарурии доруворӣ ва ба беморхонаи марказии вилоят 1 адад мошини ёрии таъҷилӣ тӯҳфаи Президенти мамлакат фиристода мешавад. Илова ба маводи доруворӣ ба табибони беморхонаҳои вилоят сару либоси тиббӣ, ниқоб, дастпӯшак, асбобҳои муҳофизатӣ, моддаҳои безараргардонии антисептикӣ ва дигар воситаҳои техникии тиббӣ кумак карда мешавад.

Ёдовар мешавем, ки чанд рӯз пеш бо дастури Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тамоми иншооти соҳаи иҷтимоии шаҳру ноҳияҳои вилоят 500 тонна ангишт дастрас гардид.

Кӯмаки зикршуда табибон ва тамоми беморони ба вируси нави короновирус мубталошудаи ВМКБ-ро фаро гирифта, нишонаи ғамхории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба кормандони соҳаи тандурустӣ, беморон ва дар маҷмуъ мардуми шарифи Тоҷикистон мебошад.

Бо мақсади ба таври шаффоф, мақсаднок ва суроғавӣ дастрас намудани маводи доруворӣ ва молу маҳсулоти хурокворӣ ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз ҳисоби аъзои Ҳукумати мамлакат, кормандони масъули Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирии паҳншавии бемории короновирус COVID — 19 ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат гурӯҳи корӣ таъсис дода шудааст.

Май 15, 2020 12:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ дидан намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба татбиқи лоиҳаи барқарорсозии роҳи мошингарди «Ваҳдат – Оби Гарм» оғоз бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии «Лормед»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба якчанд қонун имзо гузоштанд
Шарҳи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гулҳои миллӣ эълон намудани гулҳои Лола ва Сиёҳгӯш»
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони ҳайатҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Муовини аввали Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадризо Орифро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ 20 иншоотро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд