Ҷамъияти тоҷикони шаҳри Новокузнетск: «Ба ҳамватанон кумак мерасонем!»
ДУШАНБЕ, 07.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ҷамъияти тоҷикони шаҳри Новокузнетск, ки «Дӯстии халқҳои тоҷику рус» ном гирифтааст, бо сарварии Шавкатҷон Тоҳиров ва фаъолони ин ҷамъият Раҳмоналӣ Одинаев, Имоиддин Сониев, Қаҳрамон Ҳамдамов, Маҳмадкарим Абдукаримов ва Дилшоди Рамазонӣ барои зиёда аз дусад нафар оилаҳои муҳоҷирони меҳнатӣ ва ҳамватаноне, ки айни ҳол бо сабаби бекорӣ дар Россия банд мондаанд, ҳамчунин донишҷӯёни тоҷик ва маъюбону солхӯрдагон новобаста аз миллату халқияташон, ки ниёз ба дастгирӣ доштанд, кумак расониданд.
Тавре роҳбари Ҷамъияти тоҷикони шаҳри Новокузнетск Шавкатҷон Тоҳиров зимни суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» дар Федератсияи Россия Садбаргӣ БОҚӢ иброз намуд, «хуруҷи коронавирус, ки имрӯз саросари ҷаҳонро фаро гирифтааст, ба фаъолияти муҳоҷирони меҳнатӣ ва таҳсили донишҷӯёни тоҷик дар вилояти Кемерово таъсири худро расонид. Аз ҷумла, бархе аз ҳамватанони мо ва донишҷӯён бо ин сабаб дар карантин қарор доранд».
«Вобаста ба вазъияти ба амал омада, бо фаъолони ҷамъият пайваста дар байни онҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронем ва ҷиҳати пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии «Ковид-19» ва ҳамзаон мубтало нашудан ба ин бемории сироятӣ ба онҳо маълумоти муфид пешниҳод менамоем. Дар ин баробар ба миқдори зарурӣ ба онҳо аз номи ҷамъият кумак расонидем»,-афзуд Шавкатҷон Тоҳиров.
Мавриди зикр аст, ки аз фаъолияти босамар ва иқдомҳои ватандӯстонаи Ҷамъияти тоҷикони шаҳри Новокузнетск «Дӯстии халқҳои тоҷику рус» на танҳо ҳамватанон дар ин шаҳр ва вилояти Кемерово, балки дар саросари Федератсияи Россия ва Тоҷикистон низ огоҳӣ доранду дар лаҳзаҳои зарурӣ ба онҳо муроҷиат мекунанд.
— Хушбахтона имрӯзҳо шумораи соҳибкороне, ки мехоҳанд дар ин рӯзҳои мушкил паҳлӯӣ ҳамватанон бошанд ва онҳоро ҳамаҷиҳата дастгирӣ кунанд, хеле зиёд аст, ки воқеан мояи ифтихори мо дар байни дигар халқияту миллатҳо мебошад- мегӯяд роҳбари Ҷамъияти тоҷикони шаҳри Новокузнетск ва илова менамояд, ки ин ҳама иқдомҳои наҷибона дар пайравӣ аз суханрониҳои созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад, зеро ба таъкиди сарвари давлат дар рӯзҳои сахту вазнин дасти ёрию кӯмак дароз намудан ба эҳтиёҷмандону ниёзмандон аз некутарин амалҳои хайру савоб ба шумор меравад.
Тибқи иттилои масъулини ин ҷамъият, баргузории чорабиниҳои судманд дар партави сиёсати созандаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд низ идома меёбанд.
Чунин ҳимматбаландию дастгирии ҳамватанон дар шароити кунунӣ бори дигар аз ҳуввияти баланду некукории мардуми тоҷик дарак медиҳад.











Дар доираи «Барномаи омодасозии мутахассисон аз ҳисоби ҷавонон барои соҳаҳои иқтисодиёт» беш аз 41 ҳазор нафар бо ҷойи кор таъмин гардид
Дар Вазорати адлияи Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар шаш муассисаи тиббии шаҳри Душанбе барномаи рақамии «eTib» фаъол гардид
Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Конфронси Вена оид ба муҳоҷират иштирок намуд
Дар Душанбе бахшида ба татбиқи Ёддошти тафоҳум дар соҳаи тандурустӣ байни Тоҷикистон ва Амрико чорабинӣ баргузор шуд
Барномаи ҳамкорӣ байни Хадамоти иҷрои Тоҷикистон ва Бюрои иҷрои маҷбурии Узбекистон ба имзо расид
Конгресси байналмилалии «Инсон ва дору» баргузор гардид
Пешгирии бемориҳои сироятӣ масъулияти ҳар шаҳрванд аст
Дар Пекин масъалаҳои рушди қонунгузорӣ ва таҷрибаи муосири давлатдорӣ баррасӣ гардиданд
Дар Москва ҷаласаи 11-уми Алянси Авруосиёии омбудсменҳо баргузор гардид
Бахшида ба Рӯзи Президент дар вилояти Суғд роҳпаймоии идона баргузор шуд
Ҳамкории ҳуқуқии Тоҷикистону Чин дар Пекин баррасӣ гардид






