Аморати муттаҳидаи Араб ба Тоҷикистон таҷҳизоти тиббӣ кумак намуд
ДУШАНБЕ, 28.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. 27 май Аморати муттаҳидаи Араб ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешгирӣ ва муборизаи саривақтӣ бар зидди бемории сироятии коронавирус таҷҳизоти тиббӣ кумак намуд.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Точикистон хабар доданд.
Кумаки башардӯстонаи Аморати муттаҳидаи Араб дар ҳаҷми 10,7 тонна буда, он аз маҳсулоти муҳофизатии тиббӣ, аз ҷумла хилъати тиббӣ, дастпӯшак, ниқоб, бахил, салфетка ва маҳлулҳои антисептикӣ иборат мебошад. Инчунин барои муайян кардани COVID-19 беш аз 20 ҳазор адад тест равон карда шудааст.
Кумаки мазкур дар шакли лавозимоти тиббӣ аз ҷониби Аморати муттаҳидаи Араб ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун нишонаи ҳамкорӣ ва бо мақсади таҳкими муборизаи муштарак бар зидди COVID-19 равона шуда, он аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат ба беморхонаҳои ҷумҳурӣ тақсим карда мешавад.










Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст






