Аморати муттаҳидаи Араб ба Тоҷикистон таҷҳизоти тиббӣ кумак намуд

Май 28, 2020 09:03

ДУШАНБЕ, 28.05.2020 /АМИТ «Ховар»/.  27 май Аморати муттаҳидаи Араб ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешгирӣ ва муборизаи саривақтӣ бар зидди  бемории сироятии коронавирус таҷҳизоти  тиббӣ кумак намуд.

Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Точикистон хабар доданд.

Кумаки башардӯстонаи  Аморати муттаҳидаи Араб дар ҳаҷми 10,7 тонна буда, он  аз маҳсулоти муҳофизатии тиббӣ, аз ҷумла хилъати тиббӣ, дастпӯшак, ниқоб, бахил, салфетка ва маҳлулҳои антисептикӣ иборат мебошад. Инчунин барои муайян кардани COVID-19 беш аз 20 ҳазор адад тест равон карда шудааст.

Кумаки мазкур дар шакли лавозимоти тиббӣ аз ҷониби Аморати муттаҳидаи Араб ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун нишонаи ҳамкорӣ ва бо мақсади таҳкими муборизаи муштарак бар зидди COVID-19 равона шуда, он аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат ба беморхонаҳои ҷумҳурӣ  тақсим карда мешавад.

Май 28, 2020 09:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Бадахшон ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ 873 миллион сомониро ташкил дод
Кишоварзони Кӯлоб аввалин маротиба зери плёнка чигит кишт намуданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор боқӣ мемонад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Таърих, фарҳанг, табиат ва меҳмоннавозии мардум вилояти Суғд сайёҳонро бештар ба худ ҷалб намудааст
Дар истироҳатгоҳи омӯзишии «Истиқлол» таътили тобистонаи хонандагон хотирмон мегузарад
Дар ноҳияи Деваштич ҳамоиши гирандагони Стипендияи президентӣ баргузор гардид
Дар Тоҷикистон дар беш аз 27 ҳазор гектар ҷуворимакка барои дон кишт гардидааст
Имрӯз ҳаво дар водиҳои Тоҷикистон то 40 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Фестивали хӯрокҳои милллии Покистон баргузор мегардад
Имрӯз ҳаво дар шаҳри Душанбе то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе ба муносибати Истиқлолияти Амрико чорабинӣ баргузор шуд
Заминҳои назди бинои муассисаву идораҳои шаҳри Норак самаранок истифода мешаванд