Ба қаламрави Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон маводи хӯрока бе танаффус ворид мегардад
ДУШАНБЕ, 06.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ба қаламрави Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бе танаффус маводи хӯрока ворид мегардад. Аз ҷумла, дирӯз 120 тонна орд вориди вилоят гардида, дар анборҳои соҳибкорон низ маводи зиёди ғизоӣ мавҷуд мебошад. Ин матлаб дар ҷаласаи навбатии Ситоди вилоятӣ оид ба пешгирии бемории сироятии коранавирус аз ҷониби раиси вилоят Ёдгор Файзов садо дод, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон.
Раиси вилоят ҳамчунин зикр кард, ки ҳамарӯза ба қаламрави Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон маводи зиёди озуқа аз тарафи Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳам аз ҷониби соҳибкорони ватандӯст ворид мешавад, ки дар бозору марказҳои савдо ба фурӯш гузошта мешаванд.
«Сокинони вилоят бояд ба қоидаҳои беҳдошт риоя намуда, аз оростани маъракаҳои серодам ва бе зарурат рафтан ба ҷойҳои ҷамъшавии зиёди одамон худдорӣ намуда, саломатии худро эҳтиёт намоянд»,-афзуд Ёдгор Файзов.
Ҳамчунин дар ҷаласа таъкид шуд, ки таъмини амнияти озуқаворӣ таҳти таваҷҷуҳи доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, дар самти таъмини маводи ниёзи аввал ягон мушкил нахоҳад шуд.
Ёдгор Файзов дар хитоб ба соҳибкорон ва шахсони саховатпеша зикр кард он нафароне, ки мехоҳанд дасти мадади худро дар ин рӯзҳо дароз намоянд бояд маблағро на барои маводи озуқа, балки барои харидорӣ ва дарёфти маводи доруворӣ масраф намоянд, ки ин ба манфиати кор мебошад. Зеро нуқтаҳои фурӯши шаҳру ноҳияҳои вилоят пур аз маводи ниёзи мардум буда, таъминоти табақаи ниёзманди аҳолӣ бо маводи хӯрока зери назорати мақомоти маҳаллӣ шаҳру ноҳияҳо қарор дорад. Ба хотири ҳифзи сиҳатии сокинон, пеш аз ҳама, дарёфт кардани доруворӣ ва наҷот додани сироятшудагон аз беморӣ муҳим дониста мешавад.
Дар ҷаласаи мазкур ҳамчунин дигар масъалаҳои мубрам дар ҳаёти сокинони вилоят низ баррасӣ гардиданд.










ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Камҳаракатӣ барои пайдоиши бемориҳои гуногун замина фароҳам меорад
Дар шаҳри Конибодом нуқтаҳои истироҳатӣ ва осоишгоҳи солимгардонӣ бунёд карда мешаванд
Шахсони дорои масунияти заиф бештар ба зуком гирифтор мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. 100 хоҷагии деҳаи Зарнисор-1-и ноҳияи Рӯдакӣ бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин гардид
Шаҳри Душанбе соҳиби Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Бонувони муваффақи шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон» гардид
Таъмини шаҳри Душанбе бо барқ ва гармӣ дар меҳвари таваҷҷуҳи масъулин қарор дорад
Ҳамкории Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа бо Бонки ҷаҳонӣ тақвият меёбад
Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ татбиқи лоиҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодиро баррасӣ намуданд
Дар шаҳри Гулистон Форуми IV минтақавии ҷавонони ҳавзаи дарёи Сир – 2026 доир гардид
Дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон Рӯзи забони давлатӣ таҷлил гардид
Дар Кӯлоб барои тарбиятгирандагони мактаб-интернати №1 хобгоҳи нави замонавӣ ифтитоҳ гардид
Бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд






