Ба қаламрави Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон маводи хӯрока бе танаффус ворид мегардад

Май 6, 2020 13:35

ДУШАНБЕ, 06.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ба қаламрави Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  бе танаффус  маводи хӯрока ворид мегардад. Аз ҷумла,  дирӯз 120 тонна орд вориди вилоят гардида, дар анборҳои соҳибкорон низ маводи зиёди ғизоӣ мавҷуд мебошад. Ин  матлаб  дар ҷаласаи навбатии Ситоди вилоятӣ оид ба  пешгирии бемории сироятии коранавирус аз ҷониби раиси вилоят Ёдгор Файзов  садо дод, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон.

Раиси вилоят ҳамчунин зикр кард, ки ҳамарӯза ба қаламрави Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон маводи зиёди озуқа аз тарафи Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва ҳам  аз ҷониби соҳибкорони ватандӯст ворид  мешавад, ки  дар  бозору марказҳои савдо ба фурӯш  гузошта мешаванд.

«Сокинони вилоят бояд ба қоидаҳои беҳдошт риоя намуда, аз оростани маъракаҳои серодам ва бе зарурат рафтан ба ҷойҳои ҷамъшавии зиёди одамон худдорӣ намуда, саломатии худро эҳтиёт намоянд»,-афзуд   Ёдгор Файзов.

Ҳамчунин дар ҷаласа таъкид шуд, ки таъмини амнияти озуқаворӣ таҳти таваҷҷуҳи доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, дар самти таъмини маводи ниёзи аввал  ягон мушкил  нахоҳад шуд.

Ёдгор Файзов дар хитоб ба соҳибкорон ва шахсони саховатпеша зикр кард он нафароне, ки мехоҳанд дасти мадади худро дар ин рӯзҳо дароз намоянд бояд маблағро на барои маводи озуқа, балки барои харидорӣ ва дарёфти маводи доруворӣ масраф намоянд, ки ин ба манфиати кор мебошад. Зеро нуқтаҳои фурӯши шаҳру ноҳияҳои вилоят пур аз маводи ниёзи мардум буда, таъминоти табақаи ниёзманди аҳолӣ бо  маводи хӯрока зери назорати мақомоти маҳаллӣ шаҳру ноҳияҳо қарор дорад. Ба хотири ҳифзи сиҳатии сокинон,  пеш аз ҳама,  дарёфт кардани доруворӣ ва наҷот додани сироятшудагон аз беморӣ муҳим дониста мешавад.

Дар ҷаласаи мазкур ҳамчунин дигар масъалаҳои мубрам дар ҳаёти сокинони вилоят низ баррасӣ гардиданд.

Май 6, 2020 13:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон баландшавии ҳолати ифлосшавии ҳаво дар назар аст
ПЕШВОИ САОДАТОФАР ВА МИЛЛАТИ САОДАТМАНД. Мулоҳизаҳо оид ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон шумораи нафақагирон 53 фоиз зиёд шудааст
АЗ ИСТИҚЛОЛ ТО РУШДИ УСТУВОР. Андешаҳо дар мавриди 35 соли пурифтихори Истиқлолияти давлатӣ
ҲИЗБЕ, КИ ДАР ДАВРАИ ИСТИҚЛОЛ БАРОИ ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ ТАЛОШ НАМУД. Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ: АЗ ИМТИҲОНИ ТАЪРИХ ТО УФУҚҲОИ РУШДИ МИЛЛӢ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ дар ин маврид
Истиқлолияти давлатӣ дар вилояти Суғд ба рушди куллии соҳаҳои ҳаётан муҳим заминаи устувор гузошт
Аҳолии Тоҷикистон то охири соли 2026 ба 11 миллион нафар мерасад
Кормандони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои тобеи он бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданд
35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Истиқлолияти давлатӣ барои рушди иқтисодию иҷтимоии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон имконоти нав фароҳам овард
Дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ҳамоиши бошукуҳ доир шуд
Дар ҷашни 35-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон дар Ҳисор муовини Сарвазири мамлакат ва меҳмонон аз Узбекистон иштирок намуданд