Ба шарафи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар Исфара Мактаби байналмилалии «Орион» сохта мешавад
ДУШАНБЕ, 14.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Исфараи вилояти Суғд санги асоси яке аз иншооти ба шарафи ҷашни миллӣ- 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёдшаванда- сохтмони бинои Мактаби байналмилалии «Орион» бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва саҳми соҳибкорони маҳаллӣ Исроил ва Нарзулло Ӯлмасовҳо гузошта шуд. Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Мактаби байналмилалии «Орион» барои 1600 нафар хонанда дар ду баст бунёд гардида, аз се ошёна, таҳхона, 40 синфхонаи таълимӣ, ҳавзи шиноварӣ, толори замонавии варзишӣ ва дигар инфрасохтори муосири таълимӣ иборат мебошад.
Сохтмони бинои мазкур тибқи буҷаи лоиҳавӣ 30 миллион сомониро ташкил дода, ҳоло 60 нафар сохтмончиён ба кор ҷалб шудаанд. Корҳои сохтмонӣ то моҳи августи соли 2021 ба охир расонида шуда, мактаби мазкур ба фаъолият оғоз мекунад.
Раиси вилоят ба муассисон тавсия дод, ки барои 200 нафар хобгоҳ низ бунёд намоянд. Зеро дар ин мактаби замонавӣ аз дигар минтақаҳои мамлакат толибилмон ба таҳсил фаро гирифта мешаванд.








Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд
Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд






