Бар асари сӯхтор дар ноҳияи Айнӣ ду тифл ҳалок гардиданд
ДУШАНБЕ, 12.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. 10 май дар деҳаи Курути ноҳияи Айнӣ хонаи сокини 31-солаи деҳаи мазкур оташ гирифта, ду тифли хурдсол ба ҳалокат расиданд. Дар ин бора аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ “Ховар” хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, нимаи рӯзи якшанбе хонаи сокини 31-солаи ин деҳа оташ гирифта, бо талоши кормандони Хадамоти оташнишонии ноҳияи Айнӣ сӯхтор пурра хомӯш карда шуд. Вале мутаассифона, фарзандони соҳиби хона, ки яке дусола буду дуюмӣ яксола, бар асари дуди ғализ дар ҷойи хобашон ба ҳалокат расиданд.
Мақомот мегӯянд, ки сабаби аслии сӯхтор беназорат гузоштани асбоби барқӣ будааст. Аммо ҳоло мизони зарари расида ва сабаби аслии сар задани сӯхтор аз ноқили барқ ё таҷҳизоти дигар дақиқ гуфта нашудааст.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






