Бар асари сӯхтор дар ноҳияи Айнӣ ду тифл ҳалок гардиданд

Май 12, 2020 09:33

ДУШАНБЕ, 12.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. 10 май дар деҳаи Курути ноҳияи Айнӣ хонаи сокини 31-солаи деҳаи мазкур оташ гирифта, ду тифли хурдсол ба ҳалокат расиданд. Дар ин бора аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ “Ховар” хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, нимаи рӯзи якшанбе хонаи сокини 31-солаи ин деҳа оташ гирифта, бо талоши кормандони Хадамоти оташнишонии ноҳияи Айнӣ  сӯхтор пурра хомӯш карда шуд. Вале мутаассифона, фарзандони соҳиби хона, ки яке дусола буду дуюмӣ яксола, бар асари дуди ғализ дар ҷойи хобашон ба ҳалокат расиданд.

Мақомот мегӯянд, ки сабаби аслии сӯхтор беназорат гузоштани асбоби барқӣ будааст. Аммо ҳоло мизони зарари расида ва сабаби  аслии сар задани сӯхтор аз ноқили барқ ё таҷҳизоти дигар дақиқ гуфта нашудааст.

Май 12, 2020 09:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид