Бонки миллии Тоҷикистон ба кормандони соҳаи тиб, ки ба табобати сироятёфтагони COVID-19 машғуланд, ёрӣ расонд
ДУШАНБЕ, 06.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. Роҳбарият ва кормандони Бонки миллии Тоҷикистон аз ҳисоби музди меҳнати худ ба Фонди пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории сироятии коронавируси COVID-19, барои табибоне, ки ба табобати сироятёфтагон машғул мебошанд, 375 ҳазору 524 сомонӣ гузарониданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
«Бонки миллии Тоҷикистон бо дарки амиқи заҳматҳои кормандони соҳаи тиб ва муҳимияти фаъолияти пурсамари онҳо дар мубориза бар зидди ин бемории сироятӣ, ҷиҳати дастгирии соҳаи тандурустии мамлакат ба суратҳисоби махсуси Сарраёсати хазинадории Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешгирии бемории коронавируси «COVID-19» 150 000 сомонӣ гузаронид»,-афзуд манбаъ.
Инчунин аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон ба маблағи 44 ҳазору 880 сомонӣ маводи доруворӣ, антисептикӣ ва либосҳои махсуси ҳифозатии тиббӣ барои кормандони соҳаи тиб, ки ин шабу рӯз эҳтиёҷ ба он зиёд гардидааст, харидорӣ гардида, ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон супорида шуд.
Гуфта шуд, ки дар ин замина Бонки миллии Тоҷикистон Нақшаи чорабиниҳо оид ба пешгирии таъсири эҳтимолии пандемияи COVID-19 ба иқтисодиёти миллӣ, низоми бонкӣ ва суғуртаи мамлакат таҳия намуда, барои пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ ҷиҳати пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави коронавирус ситод ташкил додааст ва кор дар ин самт бо маром идома ёфта истодааст.
Дар хабар омадааст, ки «дар муттаҳидӣ, бо риояи чораҳои пешгирӣ, аз ҷумла гигиенаи шахсӣ, парҳез аз рафтуомад ба ҷойҳои серодам ва баланд бардоштани масунияти бадан мо метавонем бар зидди ин бемории сироятӣ пирӯз гардем».








Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад






