Бонки миллии Тоҷикистон ба кормандони соҳаи тиб, ки ба табобати сироятёфтагони COVID-19 машғуланд, ёрӣ расонд

Май 6, 2020 16:10

ДУШАНБЕ, 06.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. Роҳбарият ва кормандони Бонки миллии Тоҷикистон аз ҳисоби музди меҳнати худ  ба Фонди  пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории сироятии коронавируси COVID-19,  барои   табибоне, ки ба табобати  сироятёфтагон машғул мебошанд,  375 ҳазору 524 сомонӣ гузарониданд.  Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ доданд.  

«Бонки миллии Тоҷикистон бо дарки амиқи заҳматҳои кормандони соҳаи тиб ва муҳимияти фаъолияти пурсамари онҳо дар мубориза бар зидди ин  бемории сироятӣ, ҷиҳати дастгирии соҳаи тандурустии мамлакат  ба суратҳисоби махсуси Сарраёсати хазинадории Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешгирии бемории коронавируси «COVID-19» 150 000 сомонӣ  гузаронид»,-афзуд манбаъ.

Инчунин аз ҷониби  Бонки миллии Тоҷикистон ба маблағи 44 ҳазору 880 сомонӣ маводи доруворӣ, антисептикӣ ва либосҳои махсуси ҳифозатии тиббӣ барои кормандони соҳаи тиб, ки ин шабу рӯз эҳтиёҷ ба он зиёд гардидааст, харидорӣ гардида, ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон супорида шуд.

Гуфта шуд, ки дар ин замина  Бонки миллии Тоҷикистон  Нақшаи чорабиниҳо оид ба пешгирии таъсири эҳтимолии пандемияи COVID-19  ба иқтисодиёти миллӣ, низоми бонкӣ ва суғуртаи мамлакат таҳия намуда, барои пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ ҷиҳати пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави коронавирус ситод ташкил додааст ва кор дар ин самт бо маром идома ёфта истодааст.

Дар хабар омадааст, ки «дар муттаҳидӣ,  бо риояи чораҳои пешгирӣ, аз ҷумла гигиенаи шахсӣ,  парҳез аз рафтуомад ба ҷойҳои серодам ва баланд бардоштани масунияти бадан мо метавонем бар зидди ин бемории сироятӣ пирӯз гардем».

Май 6, 2020 16:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Гурӯҳи коршиносон ба ҷаласаи шашуми СҲШ оид ба ҳифзи муҳити зист омодагӣ мегирад
Ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти Тоҷикистон ба давраи тирамоҳу зимистон баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба «Mooр Стивенс» барои фаъолияти аудиторӣ иҷозатнома дод
Агентии авиатсияи гражданӣ барои ишғоли ҷойҳои кории холӣ дар «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» озмун эълон менамояд
Соли 2026 Душанбе мизбони Конфронси минтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид мегардад
Дар Тоҷикистон Кодекси энергетикӣ таҳия ва қабул карда мешавад
Дар корхонаи коркарди меваю сабзавоти «Насим»-и шаҳри Хоруғ 12 навъи ширинӣ аз тут истеҳсол карда мешавад
Дар Душанбе вобаста ба татбиқи Созишнома байни вазоратҳои молияи Тоҷикистон ва Федератсияи Русия конфронс баргузор гардид
Дар Душанбе татбиқи лоиҳаи «Мутобиқшавии ширхӯрон ба тағйирёбии иқлим дар Осиёи Марказӣ» баррасӣ шуд
Дар Тоҷикистон лоиҳаи «Дастрасӣ ба бозор ва мутобиқшавӣ барои чорводорӣ» амалӣ карда мешавад
Дар Шуғнон бинои нави пойгоҳи барфу гармосанҷӣ ба истифода дода шуд
Дар Мурғоб калонтарин неругоҳи офтобӣ ба истифода дода шуд