COVID-19. Беш аз ду миллион юан кумаки Артиши миллии Чин барои мубориза бо коронавирус ба Вазорати мудофиаи Тоҷикистон

Май 14, 2020 15:00

ДУШАНБЕ, 14.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ҷумҳурии Мардумии Чин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ аз сироятёбии шаҳрвандони мамлакат аз бемории COVID-19  кумаки башардӯстона фиристонид. Ин кумак аз 13 номгӯй таҷҳизоту лавозимоти тиббӣ иборат буда, маблағи умумияш беш аз 2 миллион юан, муодил ба 2 миллиону 700 ҳазор сомонӣ мебошад.

Сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ, подполковник Ориф Нозимиён дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, ки кумаки башардӯстонаи Артиши миллии Ҷумҳурии Мардумии  Чин ба Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе масъулини Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул намуда,  ба ҳамкасбони чинии худ барои ироаи кумаки башардӯстона  ва ҳамкории мутақобилан судманд арзи сипос намуданд.

Ориф Нозимиён гуфт, ки ҳамкории ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникӣ миёни вазоратҳои мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин аз соли 1993 оғоз гардида, ҳоло дар марҳилаи рушд қарор дорад.

Кумаки башардӯстонаи Артиши миллии Ҷумҳурии Мардумии  Чин ба Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки дар доираи ҳамкории ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникӣ миёни вазоратҳои мудофиаи ду давлати ҳамҷавор фиристода шудааст, табибони низомии Вазорати мудофиаи Тоҷикистон танҳо барои  солимӣ ва пешгирӣ аз гирифторшавии аҳолии мамлакат ба бемории сироятии COVID-19 истифода мебаранд.

Май 14, 2020 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид