COVID-19 ВА ИҚТИСОД. Сардори Раёсати Вазорати рушди иқтисод ва савдо дар суҳбат бо АМИТ «Ховар» натиҷаҳои таъсири пандемияро ба иқтисоди миллӣ низ пешгӯӣ намуд

Май 16, 2020 09:19

ДУШАНБЕ, 16.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. «Паҳншавии пандемияи коронавирус дар 212 кишвари олам вазъи иқтисодии ҷаҳон, бахусус вазъи иқтисодии шарикони тиҷоратии давлати моро бештар мураккаб намуд»,- изҳор дошт сардори Раёсати дурнамои макроиқтисодӣ ва муносибатҳои молиявии Сарраёсати таҳлили макроиқтисодӣ, дурнамо ва ислоҳоти иқтисодии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Шавкат ВАЛИЕВ.

Мавсуф мегӯяд, ки бо назардошти пандемияи коронавирус Хазинаи Байналмилалии Асъор ва Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ ва Рушд таназзули иқтисоди ҷаҳонро дар соли 2020 пешгӯӣ мекунанд.

Аз рӯи баҳодиҳии Бонки Осиёии Рушд зарари умумии иқтисоди ҷаҳон аз ҳисоби пандемияи коронавирус аз 2 то 4 триллион долларро ташкил медиҳад.

Ин ҳолат пайомадҳои хавфҳои берунаро ба иқтисодиёти миллӣ дар робита ба қатъ ё маҳдуд шудани мусофиркашонӣ ва боркашонии байналмилалӣ, ба таври назаррас пастшавии нархи ҷаҳонии нахи пахта ва алюминий, коҳишёбии интиқоли пулӣ ва сармоягузориҳои хориҷӣ, беқурбшавии асъори миллӣ ва таназзули иқтисодиёти шарикони асосии тиҷоратии мамлакат, бахусус Россия зиёд мекунад.

Коҳишёбии нархи пахта то 13 май дар бозорҳои ҷаҳонӣ нисбат ба аввали соли 2020 ба андозаи 17 фоиз ва алюминий ба андозаи 18 фоиз пайомаде мебошад, ки таъсири бевоситаи худро ба соҳаҳои иқтисоди миллии мо низ  мерасонад.

Шавкат Валиев,
Сардори Раёсати Вазорати
рушди иқтисод ва савдо

Сардори Раёсати дурнамои макроиқтисодӣ ва муносибатҳои молиявии Вазорати рушди иқтисод ва савдо Шавкат Валиев зимин суҳбат бо мо гуфт, ки ҷиҳати кам кардани таъсири коронавирус ба иқтисодиёт ва  таъмини фаъолитяи мунтазами соҳаҳои иқтисоди миллӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни давалҳои Осиёи Миёна аввалин шуда Нақшаи чорабиниҳо оид ба пешгирӣ ва кам кардани таъсири хавфҳои эҳтимолии коронавируси COVID-19 дар ҷаҳон ба иқтисодиёти миллиро иборат аз як қатор тадбирҳои судманд таҳия намуд, ки мавриди амал қарор дорад.

Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, нақшаи чорабиниҳои номбурда тадбирҳои таъхирнопазирро дар самти таъмини устувории макроиқтисодӣ, тақвияти ҳамкорӣ бо шарикони рушд ҷиҳати ҷалби маблағҳо барои мубориза бар зидди ин беморӣ, беҳтаргардонии вазъи низоми бонкӣ, истифодаи самараноки маблағҳои буҷети давлатӣ, пурра ва сари вақт пардохт намудани уҳдадориҳои иҷтимоии давлат, бахусус пардохтҳои унвонии иҷтимоӣ ба қишри осебпазири ҷомеа ва зиёд намудани истеҳсолу захираи маҳсулоти мавриди ниёзи аввал пешбинӣ менамояд. Дар доираи нақшаи чорабиниҳои мазкур то имрӯз тадбирҳои зарурӣ андешида шуданд. Аз ҷумла, бо институтҳои байналмилалии молиявӣ ва шарикони рушд ҳамкорӣ тақвият дода шуда, маблағҳо барои дастгирии буҷети давлатӣ ҷалб гардида истодаанд. Бозорҳои мамлакат бо маҳсулоти мавриди ниёзи аввал таъмин гардида, захираҳои кофӣ мавҷуд мебошанд ва дар ин самт корҳо  идома доранд.

Бо мақсади мусоидат ба пардохтпазирии ташкилоти қарзӣ Бонки миллӣ меъёри захираҳои ҳатмиро аз рӯи ҳамаи уҳдадориҳо бо асъори хориҷӣ аз 9 то 5 фоиз ва бо пули миллӣ аз 3 то 1 фоиз паст намуд, ки дар натиҷа маблағи 240 млн. сомонӣ ба бонкҳо ва ташкилоти қарзӣ барои қарздиҳӣ ба соҳаҳои иқтисодиёт муҳайё мегардад. Инчунин ҷиҳати кам намудани таъсири хавфҳои берунӣ ба низоми бонкӣ аз 1 майи соли 2020 меъёри фоизи бозтамвил ба андозаи 1 банди фоизӣ паст карда шуда, дар сатҳи 11,75 фоиз муайян шуд. Ҳамзамон расонидани кумаки иҷтимоӣ ба оилаҳое, ки аз нуқтаи назари амнияти озуқаворӣ осебпазир ба шумор мераванд,  идома дорад.

Тибқи таҳлилҳо, паҳншавии пандемияи коронавирус дар ҷаҳон, бахусус дар кишварҳои шарикони тиҷоратии мо минбаъд низ ба суст шудани суръати рушди соҳаҳои иқтисодиёт, хусусан савдои дохилию хориҷӣ, саноат, кишоварзӣ, нақлиёт, бахши хизматрасонӣ, аз ҷумла сайёҳӣ, инчунин фаъолияти сармоягузорӣ оварда мерасонад.

Ба суоли  хабарнигори АМИТ «Ховар» дар ин робита, ки таъсири иқтисоди шарикони асосии  стратегии мо  ба иқтисоди миллиямон то кадом андоза таъсиргузор аст, сардори Раёсати дурнамои макроиқтисодӣ ва муносибатҳои молиявии Вазорати рушди иқтисод ва савдо иброз дошт, ки сустшавии иқтисодиёти Россия ва Чин таъсири худро ба иқтисодиёти давлати  мо тавассути якчанд самт, аз ҷумла  коҳиши ҳаҷми гардиши савдои дохилию хориҷӣ, хизматрасониҳо, бахусус сайёҳӣ ва нақлиёти ҳавоӣ, кам шудани интиқоли маблағҳои пулии муҳоҷирони меҳнатӣ ва ҳаҷми воридоти сармояи мустақими хориҷӣ, инчунин татбиқи саривақтии лоиҳаҳои самоягузорӣ мерасонад.

Тибқи маълумоти фаврии оморӣ, дар моҳҳои январ-апрели соли 2020 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 15,3 фоиз, кишоварзӣ 9,5 фоиз, гардиши савдо 3,8 фоиз, мусофиркашонӣ 6,1 банди фоизӣ, хизматрасонии пулакӣ 5,7 фоиз ва гардиши савдои хориҷӣ 22,5 фоиз таъмин гардидааст. Шавкат Валиев мегӯяд, ки ҳарчанд рушди аксари ин соҳаҳо дар моҳҳои январ-апрели соли ҷорӣ таъмин гардида бошад ҳам, вале бо назардошти таъсири пандемияи коронавирус ва дигар омилҳои беруна нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта суръати рушди ҳаҷми маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ 11,1 банди фоизӣ, гардиши бор 10,7 банди фоизӣ, ҳаҷми хизматрасонии меҳмонхонаҳо ва тарабхонаҳо 10,3 банди фоизӣ, гардиши савдои дохилӣ 5,9 банди фоизӣ ва мусофиркашонӣ 5,4 банди фоизӣ коҳиш ёфтааст.

Бо назардошти тамоюлҳои қайдгардида Вазорати рушди иқтисод ва савдо дар доираи фаъолияти Гурӯҳи корӣ оид ба ҳамоҳангсозии сиёсати макроиқтисодӣ ва пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ (зинаи дуюм) таҳлили таъсири хавфҳои эҳтимолии паҳншавии бемории коронавирус ба иқтисоди миллиро гузаронида, бо истифода аз моделҳои эконометрикӣ дурнамои рушди иқтисодиёти ҷумҳуриро бо назардошти таъсири омилҳои беруна барои соли 2020 бозбинӣ намудааст.

«Тибқи баҳодиҳии вазорат, коҳишёбии суръати рушди воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилии мамлакат соли 2020 нисбат ба дурнамои қаблӣ ба андозаи 2,0 банди фоизӣ (аз 7,8 то 5,8 фоиз) пешбинӣ шудааст», — иброз дошт Ш. Вализода.

Май 16, 2020 09:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Вазири кишоварзии Тоҷикистон вобаста ба тақвияти корҳои саҳроӣ бо деҳқонони шаҳри Конибодом суҳбат намуд
Дар шаҳри Хоруғ корхонаи истеҳсоли ҳасиб бунёд мегардад
Дар Суғд барои дарёфти грантҳои раиси вилоят озмун баргузор мешавад
Дар Эстония Хонаи савдои Тоҷикистон таъсис дода мешавад
Намояндагони Тоҷикистон дар «Аirspace world 2024» дар Женева иштирок намуданд
Роҳбари хоҷагии деҳқонии «Бобои Носир»: «Истифодаи оқилонаи 7,5 гектар замин ва даромад аз он дар баланд гардидани сатҳи зиндагии 5 оила мусоидат намуд»
Деҳқонони ноҳияи Мастчоҳ имсол дар майдони зиёда аз 23 ҳазор гектар кишту парвариши зироати кишоварзиро ба нақша гирифтаанд
Дар шаҳри Хуҷанд Намоишгоҳи X байналмилалии савдо «Суғд-2024» доир мегардад
«РОҲ БА СӮИ ТИЁНШОН». Душанбе охири моҳи май мизбони конфронси байналмилалӣ мегардад
Соли 2023 ба буҷети шаҳри Гулистон аз ҳисоби хизматрасонии сайёҳӣ ва табобатӣ зиёда аз 40 миллион сомонӣ ворид шуд
Ҳоҷагидорони Кооперативи истеҳсолии «Сомон-Бохтар»-и ноҳияи Кӯшониён майдони парвариши лимӯро васеъ менамоянд
Сардхонаи муосири деҳоти «Файзи Истиқлол»-и ноҳияи Кӯшониён ба аҳолӣ хизмат мерасонад