ДАР ҶАВОБ БА ДАЪВАТИ ХАЙРХОҲОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ба табибон ва оилаҳои ниёзманд кумак намуданд
ДУШАНБЕ, 26.05.2020. /АМИТ «Ховар»/. Дар пайравӣ ба сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Ватанзода, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Амонулло Хайрулло ва Зоир Раҳмонзода ҷиҳати дастгирии табибони ҷумҳурӣ, ки дар набард бо «вабои аср»- COVID-19 дар сафи аввали мубориза қарор доранд, иқдоми хайрхоҳона анҷом доданд.
Тавре котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, вакилони мардумӣ аз ҳисоби маоши худ дар ин рўзҳои мушкил ба беморхонаҳои ноҳияи Фархор ва оилаҳои ниёзманд 11 ҳазору 500 дона ниқоб, беш аз ҳазор дона маҳлулҳои зиддивирусӣ, 150 баста либоси махсуси тиббӣ, инчунин миқдори зиёди дастпўшҳои бисёркарата, айнакҳои тиббӣ, маводи доруворӣ ва маводи ғизоӣ кумак намуданд.
Иқдоми хайрхоҳонаи вакилон дар ҳоле амалӣ шуд, ки аз 29 апрели соли равон бемории сироятии COVID-19 дар ҷумҳурӣ ошкор шуда, то имрӯз беш аз 3 ҳазор шаҳрвандон ба ин беморӣ мубтало шудаанд.
Инчунин дар доираи иқдомҳои нек аз ҷониби вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии якмандатаи Фархор Зоир Раҳмонзода ба сокинони ноҳия Панҷи вилояти Хатлон кумакҳои тиббӣ дастрас гардид. Ин кумакҳо дар беморхонаи марказии ноҳияи Панҷ, ҷамоати шаҳраки «Панҷ», ҷамоатҳои деҳоти «Нури Ваҳдат», «Озодагон» ва Кабут Сайфиддин аз тариқи аксияи ҳизбии «Тозагӣ – гарави саломатист!» пешниҳод шуданд, ки дар он 1850 адад ниқоб, 520 адад дастпӯшакҳои муҳофизатӣ, 690 адад маводи антисептикӣ ва дигар маводи зиддивирусӣ тақсим карда шуд.








Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ доир шуд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид






