Дар Лахш дар 6000 гектар картошка мекоранд

Май 27, 2020 16:19

ЛАХШ, 27.05.2020. /АМИТ «Ховар»/.  Сокинони ноҳияи Лахш барои саҳмгузорӣ дар фаровонгардонии бозори дохилӣ ва арзон гардонидани нархи картошка азм гирифтаанд, ки дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ  дар майдони 6000 гектар  картошкаи навъи дарозпалаки  «Тоҷикистон-24» кишт намоянд.

Мудири шуъбаи  кишоварзии ноҳияи Лахш Нусратулло Латипов ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, ки мувофиқи дурнамо дар сохтори кишоварзии ноҳия кишти картошка 4346 гектар мебошад. То имрӯз деҳқонон дар хоҷагиҳои инфиродиву  коллективӣ аз рӯзҳои офтобӣ самаранок истифода карда, дар  3250 гектар картошка кишт намудаанд.

Сокинони ноҳияи Лахш  имсол захираи  пурраи тухмии картошкаро доро буда, танҳо дар сохтори кишоварзӣ 10 407 тонна картошкаи хушсифати тухмӣ захира шуда буд. Айни замон дар ноҳия  кишти картошка бо маром идома дорад.

Тибқи иттилои  сардори  филиали рақами 11-и «Амонатбонк»-и ноҳияи Лахш Саидмурод Нозиров, барои  дастгирии рушди соҳаи картошкапарварӣ ба кишоварзони ноҳия ба маблағи 935 ҳазору 500 сомонӣ  қарзҳои имтиёзнок  дода шудаанд.

Май 27, 2020 16:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад