ҶДММ «Фарм-Текс»-и ноҳияи Данғара дар як рӯз то 15 ҳазор ниқобҳои тиббиро ба муассисаҳои гуногуни тиббии Тоҷикистон мерасонад
БОХТАР, 13.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. Корхонаи ҶДММ «Фарм-Текс»-и ноҳияи Данғара, ки 5 ноябри соли 2018 бо иштироки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кор дароварда шуд, дар ду баст то 15 ҳазор ниқобҳои чандкаратаи тиббӣ ва 1000 тампон дар як рӯз истеҳсол мекунад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Шуъбаи иттилоотию таҳлилии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон.
«Корхона аз 2 феврал ба истеҳсоли ниқобҳои тиббӣ ва антисептикҳо шурӯъ намуда, то имрӯз беш аз 1 миллиону 350 ҳазор ниқобҳои тиббӣ ва 420 ҳазор шиша маҳлули антисептикӣ истеҳсол кардааст», — гуфт манбаъ.
Маҳсулоти корхона ҳамарӯза ба муассисаҳои тиббӣ, дорухонаҳои мамлакат ва корхонаҳои давлатӣ, инчунин ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат таҳвил карда мешавад.
ҶДММ «Фарм-Текс» асосан маҳсулоти тиббӣ, косметикӣ ва гигиенаи шахсӣ истеҳсол намуда, дар як шабонарӯз 2 ҳазор кило пахтаро коркард мекунад.
Ба гуфти роҳбари ҶДММ «Ферм-Текс» Файзиддин Сайфуллоев, айни замон дар корхона 100 нафар занону духтарони маҳаллӣ кор мекунанд.
«Таҷҳизоти навтарини истеҳсоли Германия ба мо имкон медиҳад, ки маҳсулоти баландсифат истеҳсол намоем. Тибқи лоиҳа, дар оянда корхона ният дорад иқтидори истеҳсолии худро афзоиш диҳад»,- гуфт роҳбари корхона.








Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ду зеристгоҳи барқӣ ба истифода дода шуд
Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад
Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд
Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид






