Гулрў Ҷабборзода бо роҳбарони Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар Россия онлайн-машварат доир намуд

Май 14, 2020 14:10

ДУШАНБЕ, 14.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. 13 май аз ҷониби Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулрў Ҷабборзода  бо роҳбарият ва ҳайати кормандони Намояндагии Вазорат дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират тариқи  алоқаи интернетии скайп машварати  корӣ анҷом дода шуд.

Тавре аз вазорат ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, зимни машварати корӣ масъалаҳои ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирони меҳнатӣ-шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия дар давраи пандемия, ҳалли саривақтии муроҷиат ва мушкилоти онҳо, ҳамоҳангсозии фаъолияти диаспораҳо ва ҷамъиятҳои тоҷикон барои мусоидат ва кумак ба муҳоҷирони меҳнатӣ, мусоидат барои бо кортаъминкунии муҳоҷирони меҳнатӣ дар минтақаҳои Федератсияи Россия, инчунин тақвияти корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ дар байни муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардиданд.

Барои ҳалли мушкилоти муҳоҷирони меҳнатӣ кормандони Намояндагӣ дар ҳамбастагӣ бо Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон, консулгариҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва диаспораҳои тоҷик дар ин давлат мунтазам кор бурда истодаанд.

Вобаста ба ин роҳбарият ва ҳайати кормандони Намояндагӣ дар ҳавзаҳои федералии Урал, Приволжйе, Сибир, Ҷануб ва Шимолу Ғарби Федератсияи Россия, шаҳрҳои Москва ва Санкт-Петербург  роҷеъ ба вазъи кунунии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави Федератсияи Россия ва корҳои анҷомдодаи Намояндагӣ дар манотиқи гуногуни кишвари қабулкунанда гузориши муфассал манзур намуданд.

Дар интиҳои машварати корӣ Вазир бо назардошти таҳлилу баррасии вазъи кунунии муҳоҷирони меҳнатӣ-шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар Федератсияи Россия барои  ҳалли мушкилоти мавҷуда ба кормандони Намояндагӣ супоришҳои мушаххас дод.

Май 14, 2020 14:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад