«ИШҚИ ВАТАН». Ин спектакл ба бузургдошти шоири ҷанговар Ҳабиб Юсуфӣ ва 75-солагии Ғалаба бар фашизм бахшида шудааст
ДУШАНБЕ, 05.05.2020/АМИТ «Ховар»/. Чанде пеш Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ ба ифтихори 75-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва бузургдошти шоири ҷанговар Ҳабиб Юсуфӣ драмаеро бо номи «Ишқи Ватан» омода сохт. Спектакл 9 май дар Рӯзи Ғалаба аз тариқи телевизион манзури тамошобинон мегардад.
Намоишнома аз рӯи пйесаи рӯзноманигори шинохта ва драматурги соҳибистеъдод Раҷабалӣ Қудратзода таҳия шудааст. Коргардон-таҳиягари он барандаи ҷоизаи Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳром Қурбонзода мебошад. Нақшҳои асосиро Насриддин Асадуллоев, Исфандиёр Ғуломзода, Салоҳиддин Шукурзода, Бобоҷон Ҳасанов ва дигарон офаридаанд.
Ин намоишнома гувоҳи он аст, ки Ғалаба бар фашизм иди умумии ҳамаи халқҳои собиқ Шӯравӣ ва мардуми сулҳпарвари ҷаҳон мебошад, далели он аст, халқи тоҷик ҳам дар пирӯзӣ саҳми босазо дорад. Аз ҷумла, Ҳабиб Юсуфӣ ҳам бо қалам, ҳам бо силоҳ задди адӯ қаҳрамонона ҷангида буд. Ёди шаҳидони ҷанги хонумонсӯз абадан зинда хоҳад буд.
Зи ишқи Ватан ҷӯш дорад дилам,
Ба ҳарфи Ватан гӯш дорад дилам.
Ин суханони пурҳарорати ватандӯстона ба қалами шоири мумтоз, шаҳиди майдони набард бо фашистони лаин Ҳабиб Юсуфӣ тааллуқ дорад .
Ӯ ба мисли ҳазорон ҳазор сарбозон, аз ҷумла ҳамқаламонаш нависанда Ҳаким Карим, олими забоншинос ва муҳаққиқи адабиёт Лутфулло Бузургзода, драмнависон Абдушукур Пирмуҳаммадзода ва Абулҳақ Усмонов ҷони худро дар роҳи Ватан нисор кард.
Вале номи ин шоири машҳур ва каломи оташбораш вирди забонҳост.








Доир ба дастгирии истеъдодҳои ҷавон дар ИДМ конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
Дар Душанбе Бозиҳои 20-уми Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ оғоз мегардад
«ДОСТОНИ ХУДШИНОСӢ». Китоби нави Шоири халқии Тоҷикистон Давлат Сафар рӯнамоӣ гардид
Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» оғоз гардид
ЗАБОН–САДОИ ХОТИРАИ МИЛЛАТ. Мулоҳизаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Мутахассисони соҳа бояд, ки истилоҳоти дурусту фаҳмо ва мувофиқ ба мазмуну муҳтавои соҳаҳои гуногунро барои истифода пешниҳод намоянд»
ЗАБОНИ МОДАРИИ МО—ЗАБОНИ ШИРИНУ ШЕВО ВА ШОИРОНАИ ТОҶИКӢ! Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
«ҶАҲОНИ РАССОМ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши асарҳои Дӯст Азизов ташкил гардид
Дар Душанбе Рӯзҳои синамои Қирғизистон доир мегарданд
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон барои омӯзгорон сайри идонаи осорхонавӣ ташкил гардид
«НАМАКДОНИ МИЛЛАТ КАФИ ДАСТИ ӮСТ!». Таҳти чунин унвон китоби Давлат Сафар рӯнамоӣ гардид






