«ИШҚИ ВАТАН». Ин спектакл ба бузургдошти шоири ҷанговар Ҳабиб Юсуфӣ ва 75-солагии Ғалаба бар фашизм бахшида шудааст

Май 5, 2020 13:09

ДУШАНБЕ, 05.05.2020/АМИТ «Ховар»/. Чанде пеш Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ ба ифтихори 75-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва бузургдошти шоири ҷанговар Ҳабиб Юсуфӣ драмаеро бо номи «Ишқи Ватан» омода сохт. Спектакл 9  май дар Рӯзи Ғалаба аз тариқи телевизион манзури тамошобинон мегардад.

Намоишнома аз рӯи пйесаи рӯзноманигори шинохта ва драматурги соҳибистеъдод Раҷабалӣ Қудратзода таҳия шудааст. Коргардон-таҳиягари он  барандаи ҷоизаи Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳром Қурбонзода мебошад. Нақшҳои асосиро Насриддин Асадуллоев,  Исфандиёр Ғуломзода, Салоҳиддин Шукурзода,  Бобоҷон Ҳасанов ва дигарон офаридаанд.

Ин намоишнома гувоҳи  он аст, ки Ғалаба бар фашизм иди умумии ҳамаи халқҳои собиқ Шӯравӣ ва мардуми сулҳпарвари ҷаҳон мебошад,  далели он аст, халқи тоҷик ҳам дар пирӯзӣ саҳми босазо дорад.  Аз ҷумла, Ҳабиб Юсуфӣ ҳам бо қалам, ҳам бо силоҳ задди адӯ қаҳрамонона ҷангида буд. Ёди шаҳидони ҷанги хонумонсӯз абадан зинда хоҳад буд.

Зи ишқи Ватан ҷӯш дорад дилам,
Ба ҳарфи Ватан гӯш дорад дилам.

Ин суханони пурҳарорати ватандӯстона ба қалами шоири мумтоз, шаҳиди майдони набард бо фашистони лаин Ҳабиб Юсуфӣ тааллуқ дорад .

Ӯ ба мисли ҳазорон ҳазор сарбозон, аз ҷумла ҳамқаламонаш нависанда Ҳаким Карим, олими забоншинос ва муҳаққиқи адабиёт Лутфулло Бузургзода, драмнависон Абдушукур Пирмуҳаммадзода ва Абулҳақ  Усмонов ҷони худро дар роҳи Ватан нисор кард.

Вале номи ин шоири  машҳур ва каломи оташбораш вирди забонҳост.

Май 5, 2020 13:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад