Корхонаҳои ангишти мамлакат дар мубориза бо COVID-19 саҳм гузоштанд
ДУШАНБЕ, 19.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. Корхонаҳои саноати ангишти Тоҷикистон ба суратҳисоби махсуси Сарраёсати хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷмуъ 172,0 ҳазор сомонӣ гузарониданд. Ин ташаббуси корхонаҳои саноати ангишти мамлакат бо пайравӣ аз иқдоми башардӯстона ва инсонпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ гардидааст.
Вазорати саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки ба суартҳисоби махсус корхонаҳои ангишти «Шахтаи Фон-Яғноб» -150 ҳазор сомонӣ, «Ангишти Камароб»- 2 ҳазор сомонӣ, корхонаи «Ангишт» ва «Комбинати металлургии тоҷик» 10 ҳазор сомонӣ маблағ гузарониданд. Ҳамзамон аз ҷониби корхонаи ангишти «Шахтаи Фон –Яғноб» 2 адад таҷҳизоти нафаскашӣ (ИВЛ) ба маблағи 28 ҳазор сомонӣ харидорӣ гардида, ба беморхонаи ноҳияи Айнӣ супорида шуд.
Бо дарназардошти имкониятҳои мавҷуда корхонаҳои саноати ангишти ҷумҳурӣ дар оянда низ кумакҳои беғаразонаи худро барои беҳтар гардидани вазъи эпидемиологӣ, пешгирӣ ва кам кардани хавфҳои эҳтимолӣ аз ин вабои аср дареғ надошта, сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллатро ҳамаҷониба дастгирӣ менамоянд.








Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо лоиҳаҳои рақамикунонии ширкати «KEGOC»-и Қазоқистон шинос шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд






