Кумитаи ҳолатҳои фавқулода: Боронҳои пуршиддати рӯзи гузашта резиши санг ва селҳои азими харобиовар ба амал оварданд

Май 14, 2020 12:04

ДУШАНБЕ, 14.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ба асари боронҳои шадид дар  минтақаҳои  алоҳидаи мамлакат ҳодисаҳои резиши санг ва омадани сел ба қайд гирифта шуданд, ки  дар натиҷа дар ҷамоати Нофароҷи ноҳияи Истаравшани вилояти Суғд  зироати кишоварзӣ зери об монд. Ҳоло дар ҷойи ҳодиса Комиссияи ҳолатҳои фавқулода фаъолият дорад. Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ҳамчунин борони шадид лойқаи азимро ҷамъ оварда, роҳҳоро дар ноҳияҳои Шаҳристон ва Бунҷикат баст. Сел инчунин дар роҳҳои байни деҳаҳо дар ноҳияҳои Турсунзода ва Ҳисор мушкилӣ пеш овард. Барои бартарафсозии оқибатҳои ин офатҳои табиӣ техникаи махсус ҷалб шуда, роҳҳо аз лойю лойқа поккорӣ шуданд ва ҳаракати мошинҳо идома дорад.

14 майи соли равон соати чори субҳ дар натиҷаи боронҳои шадид дар роҳи мошингарди Нуробод –Лахш дар километри 94-95 ва 101-103 резиши санг ба қайд гирифта шуд ва роҳ муваққатан баста гардид. Барои бартараф намудани оқибати ин офати табиӣ ду техникаи махсуси роҳрӯбӣ ҷудо шуд. Ҳоло ҳаракати мошинҳо ба роҳ монда шудааст.

Ҳамчунин Хадамоти жолаи Кумита хабар медиҳад, ки бегоҳии  13 май дар ноҳияи Ёвон бо партови 5 адад мушаки зиддижолаи “Алазан 6”  ду минтақаи хавфнок ва дар ноҳияи Данғара бо партови 2 мушак як минтақаи хатарнок аз жоларо безарар гардондиданд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар ба сокинон ва меҳмонони мамлакат хотиррасон мекунад, ки то 15 май ҳаво дар саросари мамлакат ҳамин гуна пурбориш боқӣ мемонад ва хатари омадани сел, резиши санг, болоравии сатҳи оби рӯдхонаҳо ҳамоно таҳдид мекунад.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар аз аҳолии мамлакат хоҳиш мекунад, ки дар чунин рӯзҳо хеле эҳтиёткор бошанд.

Май 14, 2020 12:04

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд