МО ДАР ЯКҶОЯГӢ БАР COVID-19 ҒОЛИБ МЕОЕМ! Бо кӯмаки Ӯзбекистон дар Душанбе бемористони сайёр ба истифода дода мешавад
ДУШАНБЕ, 11.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе рӯзҳои наздик беморхонаи сайёр ба истифода дода мешавад, ки иборат аз даҳҳо кантейнерҳои махсуси тиббӣ буда, ки якҷо бо таҷҳизотҳои махсуси нафасрасонии сунъӣ (ИВЛ) аз Ӯзбекистон оварда шудаанд, хабар дод зимни гузориши худ шабакаи телевизионии «МИР 24».
«Дар мо беморӣ пештар оғоз шуд ва мо таҷриба дорем. Мо мехоҳем ба аҳолӣ фаҳмонем, ки бо он чӣ гуна бояд мубориза баранд. Бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтмоии аҳолии Тоҷикистон мустақиман роҳбарияти Вазорати тандурустии мо дар тамос аст, мо метавонем хизматрасонии тиббии телевизионӣ ва видеоконференсия ташкил кунем. Бо мо мутахассисони бемориҳои сироятӣ ва реаниматологҳо омаданд. Мо саъй хоҳем кард, ки ин касалиҳоро якҷоя бартараф созем», -гуфт мудири шӯъбаи Академияи тиббии Тошканд Неъматҷон Иброҳимов (ДАР АКС).
Дар варзишгоҳи «Бафанда»-и шаҳри Душанбе ҳоло ба ҷои майдони футбол чоҳҳо канда шудаанд. Дар ин ҷо қубурҳои обгузар гузошта мешаванд. Қубурҳо ба контейнерҳои тиббӣ, ки чанде пеш аз Ӯзбекистон тавассути роҳи оҳан ба Душанбе, ҳамчун ёрии башардӯстона оварданд , насб мешаванд.
«Ҳар як контейнер як ҳуҷраи хурд мебошад, ки дар он барои табобат ва зист шароити зарурӣ мавҷуд аст. Дар як ҳуҷра чаҳор нафар ҷойгир хоҳанд шуд. Кӯшиш доранд бемористонро ҳарчи зудтар ба истифода диҳанд»- иброз дошт директори Идораи обёрии Душанбе Мирзошариф Исматзода. Ба гуфтаи ёрдамчии муҳандис, беморхонаи сайёр сарбориро ба беморхонаҳо коҳиш дода, ба минтақаи карантинӣ табдил хоҳад ёфт. Рӯзи душанбе онҳо ба қабули беморони нав шурӯъ мекунанд. МИР-24 ҳамзамон афзуд, ки ин дуюмин кӯмаки башардӯстона дар як моҳ аз ҷониби Ӯзбекистон аст.
Тавре қаблан АМИТ » Ховар» навишта буд, имрӯз дар шаҳри Душанбе беш аз 30 беморхона барои 5,284 (панҷ ҳазору дусаду ҳаштоду чор) кат ва беш аз 5390 (панҷ ҳазору сесаду навад) нафар табибон ва кормандони тиббӣ ба беморони гирифтори коронавирус хизмат мерасонанд.
Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии Дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» иттило доданд, бо назардошти вазъи мавҷуда Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ қаблан ба Раёсати тандурустӣ ва дигар сохторҳои дахлдори шаҳр дастур доданд, ки ба таври илова чанд беморхонаҳои муваққатӣ барои зиёда аз 3000 (се ҳазор) кат ҷиҳати табобати гирифторони COVID-19 бо фароҳам овардани ҳама шароити муосир, алахусус бо ҷалби мутахассисони баландихтисос, таъмин намудани таҷҳизоти тиббии сифаташон баланд ва дорувории зарурӣ ташкил карда шаванд.








Иҷлосияи шашуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Иҷлосияи шашуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Душанбе мизбони DITE-2026 ва Форуми байналмилалӣ оид ба сайёҳии устувор мегардад
ИДИ ТИРГОН — БРЕНДИ САЙЁҲИИ ФАРҲАНГИИ ТОҶИКИСТОН. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Дар Душанбе маросими пардабардорӣ аз нимпайкараи шоир, адиби классикии асри миёнаи Гурҷистон Шота Руставелӣ баргузор гардид
Бо мақсади муаррифии бештари имконияти сайёҳии шаҳри Душанбе лоиҳаи инноватсионии «QR-роҳнамо» таҳия гардид
Ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии фаъолият дар соҳаи сайёҳӣ баргузор гардид
Эмомалӣ Раҳмон — меъмори сулҳ ва ваҳдати миллии тоҷикон
Дар Душанбе хатсайри нави автобуси барқӣ ба фаъолият оғоз намуд
Масоили рушди низоми нақлиёти шаҳри Душанбе бо БАТР баррасӣ гардид
Дурнамои рушди ҳамкорӣ байни шаҳри Душанбе ва Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гардид
РӮЗИ ФАРҲАНГИ НОҲИЯИ ШАҲРИНАВ. Ин чорабинӣ дар фазои идона баргузор шуд






