Мулоқоти видеоии муовинони вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Россия

Май 22, 2020 09:20

ДУШАНБЕ, 22.05.2020 /АМИТ «Ховар»/.  21 май муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зоҳир Саидзода дар вохӯрии муовинони вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Россия, ки дар сиғаи видеоконфронс баргузор гардид, ширкат варзид.

Зимни мулоқот тарафҳо оид ба масоили мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули афкор намуданд.

Намояндагони ниҳодҳои сиёсати хориҷӣ масъалаҳои муқовимат ба паҳншавии бемории сироятии коронавирусро (COVID-19) муҳокима карданд. Таваҷҷуҳи хос ба ҷанбаҳои мусоидати мутақобила дар рафъи оқибатҳои иҷтимоиву иқтисодии ҳамагирии ҷаҳонӣ равона гардид.

Тарафҳо омодагиро ҷиҳати идомаи ҳамкории мутақобилан судманд байни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Россия ба манзури мусоидат баҳри расидан ба ҳадафҳои рушди устувор таъкид намуданд.

 

АКС аз ВКХ ҶТ

Май 22, 2020 09:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Қоҳира 35-солагии Истиқлоли Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири корҳои иҷтимоӣ, хонавода ва кӯдакони Давлати Кувайт мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Ректори Донишгоҳи тиббии Вена вохӯрӣ намуд
Дар Вашингтон 34-солагии барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Амрико таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири адлияи Ҷумҳурии Ироқ мулоқот намуд
Дар Бағдод тамосҳои мустақим байни доираҳои соҳибкории Тоҷикистон ва Ироқ баррасӣ гардид
Дар Сеул бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ доир шуд
Тоҷикистон ва Молдова машваратҳои консулӣ баргузор намуданд
Cафири Тоҷикистон бо Президенти Ҷумҳурии Ироқ мулоқот намуд
Ҳамкории иқтисодӣ ва ҷалби сармоягузории Давлати Кувайт ба Тоҷикистон баррасӣ гардид
Зубайдулло Зубайдзода бо намояндаи Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Ироқ мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Президенти Кантони Сюрих мулоқот намуд